Амалхонум Гаҷиева: «Операи «Хусрав ва Ширин» боз як бозёфти эҷодии театри тоҷик аст»
ДУШАНБЕ, 25.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар оғози соли равон дар ҳаёти фарҳангии кишварамон рӯйдоди муҳим ва хотирмон рух дод. Шарҳи фарҳангшинос Амалхонум ГАҶИЕВА.
Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустнамоиши операи «Хусрав ва Ширин»-и оҳангсоз Амирбеки Мӯсо аз рӯи асари безаволи Низомии Ганҷавӣ баргузор гардид. Муаллифи либретто Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ, коргардони басаҳнагузоранда — Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Шавкат Халилзода ва рассоми ороишгар- Рассоми халқии Тоҷикистон Вафо Назаров мебошанд. Чунин ҳайати иборат аз чеҳраҳои намоёни фарҳангӣ наметавонист, ки ин гуна шоҳкор наофарад.
Опера аз се банд иборат аст.
Дар банди аввал шоҳи ҷавони худхоҳ ва сармасти ишқ ба дидорбинии Ширин меояд, ки шӯҳраи ҳусну ҷамоли ӯ ҷаҳонро фаро гирифта буд. Нақши Хусравро сарояндаи ҷавон Қурбонмурод Зокиров бозид. Ӯ овози тозаи марғуладор дорад, аммо барои мукаммал шудани нақш ӯро зарур аст, то боз кӯшиш ба харҷ диҳад. Аминам, ки ӯ ба ин муваффақ мешавад.
Хусрав бовар дорад, ки ба осонӣ Ширинро ба доми худ меафтонад. Аммо Ширини боғуруру боиффат дар ибтидо ба дархости Хусрав барои издивоҷ ҷавоби рад медиҳад, зеро номус ва суннатҳои аҷдодиро аз ҳама боло мегузорад. Нақши Ширинро Мунзифа Исоева хеле дилчасп офарид ва овози ӯ тамошобинонро тасхир кард. Бо ин кирдори худ Ширин мехоҳад ба Хусрав сабақ диҳад. Шоҳ бо дили ранҷур меравад, аммо сӯзиши ишқ дар дилаш ҳамоно аланга мезанад. Ширин ҳам айнан дар ҳамин ҳолат аст. Мушкили онҳоро устодон ва дӯстони деринашон- Бузургумед ва Шопур осон мекунанд.
Асрори дили ду ошиқи шайдо ошкор мешавад. Оқибат Хусрав хатои худро фаҳмида, аз Ширин узр мепурсад. Ширин узри шоҳро мепазирад ва шоҳ ба ин муносибат дар хайма базм меорояд, ки дар он сурудҳои Борбад садо медиҳанд. Дар базм Шируя- писари Хусрав ва Марям-духтари ҳокими Рум ҳозир мешаванд. Ӯ баробари дидани Ширини нозанин дилбастаи ӯ мешавад ва ба мулоқоти махфӣ даъват мекунад, аммо Ширини содиқу покдил ин пешниҳодро қатъиян рад менамояд. Шируя аз ин рафтор ба хашм меояд ва замоне, ки Хусраву Ширин дар хайма танҳо буданд, осемасар ба он ҷо ворид мешаваду ба синаи падар ханҷар мезанад. Сипас ӯ аз нигоҳи Ширин ҳаросида, чун шағоли тарсу рӯ ба гурез меорад. Ин дам Ширин ханҷарро гирифта, ба дили худ мезанад ва дар паҳлӯи Хусрав меафтад. Хуллас сарфи назар аз марги ин ду дилдода ишқ пирӯз мешавад. Ғояи асосии опера низ ҳамин аст- ишқ намемирад, балки ҷовидон мемонад.
Нақшҳои асосиро дар ин опера Сайфулло Юсуфов, Шуҳрат Сафаров, Нурафшон Нуруллозода, Имомалӣ Раҳмониён хеле боварибахш офаридаанд. Раққосони балет Александр Бахман ва Малика Калонова низ зеби саҳна буданд. Хор низ чун ҳарвақта олиҷаноб ва гӯшнавоз буд. Бегумон операи «Хусрав ва Ширин» боз як бозёфти эҷодии театри дӯстдоштаи мост.
Амалхонум ГАҶИЕВА,
фарҳангшинос








ҶАЛБИ БЕШТАРИ ХОНАНДАГОН БА ОМӮЗИШИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ. Сессияи зимистонаи Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид
ҶАШНИ САДА. Он чун унсури барҷастаи мероси фарҳангии башарият сазовори ҳифз ва таблиғ дар саросари ҷаҳон аст
Ҳамкории «Тоҷикфилм» бо Институти миллии аудиовизуалии Фаронса тақвият меёбад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Ғолибони озмун дар баробари мукофотпулӣ аз кадом имтиёзҳо бархӯрдор мешаванд?
26 январ дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Дар Душанбе дар ин мавзуъ Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд баргузор мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди Қасри бостонии Ҳулбук корҳои ободкорию сабзгардонӣ идома доранд
Эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар сокини ҷумҳурӣ аст
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ давраи омузишӣ баргузор шуд
ТОҶИКОН — МЕРОСБАРИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Иқдоми Тоҷикистон дар самти ҳифзу арҷгузорӣ ба тамаддуни ориёӣ саривақтӣ ва муҳим аст
Сокинони шаҳри Исфара соҳиби туҳфаи Пешвои миллат- «Шоҳнома»-и безавол мегарданд
Дар Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе маркази омӯзиши забони чинӣ таъсис дода мешавад






