БЕМОРИИ СИЛ: ХУРӮҶ Ё ТАНАЗЗУЛ? Тибқи маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, яке аз сабабҳои асосии ин беморӣ ҳавои чиркин ва олуда мебошад

Январь 25, 2019 10:06

ДУШАНБЕ, 25.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) рӯйхати 10 хатари асосӣ ба саломатии сокинони сайёраро дар соли 2019 тартиб дод. Дар ин бора дар варақаи иттилоотии ин созмон, ки имрӯз  дастраси АМИТ «Ховар» гардид, хабар дода шудааст. Бино ба рӯйхати ТУТ, ки яке аз оҷонсиҳои СММ мебошад, дар ҷои аввал миёни 10 хатари асосӣ ҳавои  чиркину олуда меистад. Чунин ҳаво боиси бисёр бемориҳо, аз ҷумла бемории сил мегардад.

Аз рӯи маълумоти ТУТ, ҳар сол дар дунё 10 миллион нафар одамон гирифтори бемории сил мешаванд ва  3 миллион нафар ҳалок мегарданд. Аз ҷумла, ҳар рӯз дар олам 8 ҳазор нафар бар асари ин беморӣ ҷон медиҳанд. ТУТ ҳамчунин хабар додааст, ки дар натиҷаи татбиқи барномаҳо ва чораҳои андешидашуда дараҷаи сироятёбӣ ба ин бемории хавфнок дар ҷаҳон сол то сол кам мешавад.

Тибқи таҳлилҳои оморӣ, дар натиҷаи талошҳои дастаҷамъона хурӯҷи бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон давра ба давра паст мегардад. Ин нишондод соли 2018 нисбат ба соли 2008 аз 87,5 нафар то ба 57,3 нафар  ба ҳар 100 ҳазор нафар коҳиш ёфтааст.  Ин  шаҳодати он аст, ки дарёфт, пешгирӣ ва табобати бемории сил дар ҷумҳурӣ дуруст ба роҳ монда шудааст.

«Ман сиҳат шудам, акнун аҳволам хуб аст. Муроҷиати саривақтӣ ба табибон имкон дод, ки саломатиамро ҳарчӣ зудтар барқарор кунам. Ду моҳ дар беморхона ва чаҳор моҳи дигар дар хона табобат гирифтам. Ҳоло таҳти назорати табибони соҳа қарор дорам. Истифодаи доруҳои тавсияшуда дар вақташ имкон дод, ки аҳволам беҳтар шавад»,-мегӯяд сокини шаҳри Душанбе Дилшод Каримов.

Дилшод аз ҷумлаи он муҳоҷирони меҳнатии тоҷик аст, ки дар Россия бо мақсади пешбурди зиндагӣ заҳмат мекашид. Шароити пасти ҷойи зист, ки дар таҳхона воқеъ буд, оҳиста-оҳиста ба саломатии ӯ таъсир гузошт. Ба гуфтаи худи ӯ, ҳуҷрае, ки дар он зиндагӣ мекард, на он қадар шароити муносиб дошт. Рафиқи ҳамҳуҷрааш сулфаи зиёд мекард ва тез-тез балғам мепартофт. Ба гумонашон ба ӯ хунукӣ таъсир кардааст. Баъди як ҳафта аҳволи Дилшод низ чунин шуд, мадораш хушкида, ҳолаташ рӯз то рӯз бадтар мешуд.

Дилшод мегӯяд, ки  то ин вақт дар бораи бемории сил маълумоти кофӣ надоштааст. Бемадорӣ, сулфаи давомдору шадид, дарди қафаси сина, нафастангӣ, камшавии вазни бадан ва иштиҳо, баландшавии тӯлонии ҳарорати бадан, арақкунии шабона ва хунпартоӣ сахт азобаш медоданд. Ӯ дигар тоқат накарда, дар назди худ мақсад гузошт, ки ҳарчӣ зудтар ба Ватан баргардад. Баъди муоинаи тиббӣ дар ватан маълум шуд, ки Дилшод мубталои бемории сил шудааст.

Воқеан ҳам сил бемории хавфноки сироятӣ буда, бо роҳи ҳавоӣ – қатраӣ паҳн мешавад. Сил аз шахси бемор ба одами солим ҳангоми суҳбат, сулфаю атса задан ва туф кардани балғам мегузарад.

Директори Муассисаи давлатии «Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемориҳои сил» -и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аслиддин Раҷабзода зимни суҳбат гуфт, ки «бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз 3 барномаи ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар амал тадбиқ шудаанд.  Айни замон мо аз рӯи «Нақшаи миллии стратегӣ оид ба ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил» барои солҳои 2015-2020 фаъолият дорем.

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд — Барномаи ЮСАИД, Лоиҳаи «КНСВ», Лоиҳаи «ХОУП», Лоиҳаи «Табибони бидуни марз», ки хусусан дар байни кӯдакон фаъолият мекунанд ва инчунин Лоиҳаи «Каритас Люксенбург», ки асосан дар муассисаҳои ислоҳӣ фаъолият доранд, таҷҳизоти муосир ворид гардида, дар муассисаҳои тандурустӣ насб шудаанд».

Ин дар ҳолест, ки ба андешаи мутахассисон, дар гузашта барои муайян кардани бемории сил ва намудҳои он зиёда аз ду моҳ муҳлат лозим буд. Ғайр аз ин маводи ташхисӣ берун аз кишвар равон карда  мешуданд. Хушбхтона, имрӯз ин мушкилот рафъ шудааст. Бо истифода аз таҷҳизоти ҳозиразамон ва муосир дар муддати ду соат ҳам ташхис ва ҳам мутобиқати чӯбчамикроби сил ба доруҳои асосии зиддисилӣ муайян карда мешавад.

Муҳлати табобати бемории сил аз 6 то 8 моҳро дар бар мегирад, ки бо истифода аз 4 доруи асосии зиддисилӣ бемор ба табобат фаро гирифта мешавад. Дар ин муҳлат риояи дурусти доруҳо имкон медиҳад, ки бемор  шифо ёбад. Агар бемор беаҳамиятӣ кунад, дар вақташ доруҳои тавсияшударо истеъмол накунад ва ё аз истифодаи дору даст кашад, бемории ӯ дубора хурӯҷ мекунад. Ин бор доруҳое, ки тавсия шуда буданд, дигар ба организми ӯ таъсир расонида наметавонанд. Дар ин ҳолат шахси бемор ба намуди дигари ин маризӣ-шакли мутобиқгаштаи сил мубтало мешавад, ки муҳлати табобат зиёда аз ду солро дар бар мегирад.

Ба гуфтаи Аслиддин Раҷабзода, аз соли 2015 инҷониб ба ҷумҳурӣ доруҳои нави зиддисилӣ- курси кӯтоҳмуддати зиддисилӣ ворид карда шуд. Ин намуди беморон, яъне  дорои шакли мутобиқгаштаи бемории сил  дар ҳолати сари вақт ба духтур муроҷиат кардан ба қайд гирифта мешаванд. Агар дар вақташ доруҳои зиддисилиро мувофиқи тавсияи табибон қабул  намоянд,  дар муддати  9-12 моҳ шифо меёбанд. Айни ҳол доруҳои зиддисилӣ пурра барои тамоми намуди беморони сил дар ҷумҳурӣ ворид шудаанд ва ба таври ройгон ба беморон дастрас карда мешаванд, — афзуд ҳамсуҳбати мо

Ба бемории сил  асосан ҷавонон  гирифтор мешаванд, чунки дар байни ҷомеа онҳо бисёртар сайругашт мекунанд ва маҳз аксарияти онҳо  дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд. Дар ҳолате, ки бадани инсон заиф мегардад,  бемории сил дар бадани ин нафарон авҷ мегирад. Сабабҳои асосии ба ин беморӣ гирифтор шудани муҳоҷирон он аст, ки онҳо шояд дар шаҳри бегона шароити зиндагии хуб надоранд, ҷойи хобашон ба талабот мувофиқ нест, вақту соати хӯрдани ғизо риоя намешавад ё ғизои дуруст истеъмол намекунанд. Дар ҳолати сироят ёфтан баданашон заиф мегардад  ва онҳо ба ин беморӣ гирифтор мешаванд.

Хушбахтона, дар натиҷаи андешидани тадбирҳои зарурӣ солҳои охир  ин беморӣ дар ҷумҳурӣ коҳиш ёфта, давоми 10 соли охир фавт низ кам шудааст. Тибқи нишондодҳои оморӣ, дар муқоиса бо 10 соли охир гирифторӣ ба бемории сил зиёда аз 25 нишондод ва фавт 50 фоиз, яъне 1 маротиба коҳиш ёфтааст. Агар соли 2008-ро бо соли 2018 муқоиса кунем, нишондоди беморшавӣ  аз 87,5 ба 100 ҳазор ва тибқи ҳисоботи пешакӣ, дар соли 2018  57,3 ба 100 ҳазор нафар аҳолӣ  расидааст, ки ин дастоварди хуб аст.

Ҳарчанд ки дар сатҳи ҷумҳурӣ гирифторӣ ба бемории сил коҳиш ёфта бошад ҳам, аммо дар муқоиса ба дигар минтақаҳои кишвар сатҳи он дар ВМКБ каме  баланд мебошад.

Айни ҳол дар ҷумҳурӣ 66 Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил фаъолият доранд. Инчунин 4 маркази вилоятӣ – Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил, беморхонаи минтақавӣ дар вилояти Хатлон, ва инчунин Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина ва 22  шуъбаи бемориҳои сил дар назди марказҳои ноҳиявӣ фаъолият  мекунанд.

Ҳамасола дар баробари зиёд шудани маблағгузорӣ дар соҳаи тандурустӣ ба соҳаи силшиносӣ низ маблағҳои зиёд ҷудо мешавад. Инчунин маоши  табибони силшинос ва кормандоне, ки бевосита бо бемории сил фаъолият менамоянд, аз моҳи июли соли равон  ба андозаи 100 фоиз зиёд карда мешавад.

— «Дарёфт, табобат ва ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил на танҳо вазифаи духтурони силшинос, табибон ё ВАО, балки вазифаи тамоми табақаи ҷомеа мебошад. Дастгирии ВАО дар дарёфти саривақтӣ ва табобати бемории сил ба табибон ва силшиносон зарур мебошад. Мо бо кормандони ВАО ҳамкории зич дорем. Бо дастгирии шарикони рушд давоми соли 2018 якчанд семинари омӯзишӣ дар бораи дарёфти бемории сил, нишонаҳои ин беморӣ, оқибатҳои бемории сил дар байни кормандони ВАО гузаронида шуд. Ғайр аз ин якчанд озмунҳо низ эълон ва ҷамъбаст гардиданд, — илова кард А. Раҷабзода».

Мувофиқи маълумоти директори Муассисаи давлатии «Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемориҳои сил»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои ислоҳӣ низ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табобати беморони сил дуруст ба роҳ монда шудааст. Ба ин ҷо ҳама намуди доруҳои зиддисилӣ ба таври ройгон дастрас карда мешаванд. Анйи ҳол 2 адад таҷҳизоти муосире, ки бемории силро дар муддати 2 соат муайян менамоянд, дар муассисаҳои ислоҳӣ васл карда шудаанд. Дар ҳолати муайян шудани бемории сил худи ҳамон рӯз бемор дар муассисаҳои ислоҳӣ ба қайд гирифта шуда, табобаташ оғоз меёбад. Ғайр аз ин дар муассисаҳои ислоҳӣ беморхонаи зиддисилии дорои зиёда аз 100 кат мавриди истифода қарор дорад.

Бо мақсади рӯшанӣ андохтан ба фаъолияти яке аз беморхонаҳои калонтарини табобати бемории сил ба Маркази миллии  бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳиҳои қафаси сина ба мавзеи Мачитони шаҳри Ваҳдат сафар кардем. Сарвари ин муассиса Фирӯз Шарипов иттилоъ дод, ки феълан дар ин беморхона  56 табиб фаъолият дошта, 250 нафар бемор таҳти табобат фаро гирифта шудаанд. Беморхона дорои 420 кати хоб мебошад. Аз ҷумла, 30 кати он барои ҷарроҳии қафаси сина чудо шудааст, ки дар ин шуъба  беморони ғайрисилӣ бистарӣ ва табобат карда мешаванд.

Дар ин ҷо барои  беморон табобат ва хизматрасонии хуб ба роҳ монда шудааст. Бо дастгирии бевоситаи Сарвари давлат, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки рушди Германия муассисаи мазкур пурра аз таъмир бароварда шуда, бо ҳамаи намуди таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Сарвари муассиса гуфт, ки солҳои пеш барои аз дастгоҳи томографии компютерӣ  гузаштан бемор маҷбур буд ба шаҳри Душанбе  равад. Албатта, дар ин ҳолат ба нафарони атроф хавфи сироятёбӣ вуҷуд дошт. Ҳоло дар худи  беморхона ин ва дигар намуди ташхисҳо сари вақт гузаронида мешаванд.

Духтури силшинос Бахтиёр Икром бар он андеша аст, ки дар соҳаи силшиносӣ  норасоии мутахассисон ҷой дорад. Мавсуф сабаби асосиро дар он мебинад, ки  соҳа нисбат ба дигар соҳаҳо каме хатарнок аст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки на танҳо дар кишвари мо, балки дар дигар мамлакатҳои ҷаҳон низ дар ин соҳа мушкилии норасоии кадрҳо мушоҳида мешавад.

Ҳамсуҳбати мо ёдовар шуд, ки  қаблан масъалаи норасоии кадрҳо баръало мушоҳида мешуд.  Соли 2004, вақте ки ӯ дар ин беморхона фаъолият  дошт, як мутахассиси силшинос бояд ба 20 ҳазор нафар  аҳолӣ хизмат мерасонид. Ва он замон дар ҳар як шуъба як мутахассис буд. Имрӯз дар ҳар як шуъба  5-6 нафар мутахассисон кор мекунанд.  Ғайр аз ин бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва Вазорати тандурустӣ  ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар мутахассисони соҳа дар ҷумҳурӣ ва берун аз он аз курсҳои бозомӯзӣ  гузашта, донишашонро такмил медиҳанд.

Дарвоқеъ, имрӯз дар ҷумҳурӣ он ташхисҳое ба роҳ монда шудаанд, ки ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ мебошанд. Табобат низ ҷавобгӯ ба меъёрҳои ҷаҳонист.

Сил бемории табобатшаванда буда, ирсӣ нест ва дар ҳолати сари вақт ба табиб муроҷиат кардан кафолати пурра шифо ёфтани бемор дода мешавад. Аз ин рӯ табибон тавсия медиҳанд, ки дар ҳолати пайдо шудани нишонаҳои ин беморӣ, яъне сулфаи зиёда аз ду ҳафта, беиштиҳоӣ, вазнпартоӣ, баландшавии ҳарорати бадан, хусусан бегоҳирӯзӣ, арақкунии шабона ҳатман аз муоинаи духтур гузаштан зарур аст. Ҳар қадаре, ки бемор тезтар ба табиб муроҷиат кунад, ҳамон қадар зудтар шифо меёбад.

Нарзулло АЛИЗОДА,
АМИТ «Ховар» 

Январь 25, 2019 10:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон дар ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ дарозтарин парчам омода гардид
«БОНУИ ҲУНАР». Дар Душанбе 30 нафар занону духтарон ба касбомӯзӣ ҷалб гардиданд
Кормандони Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Рӯзи Парчами давлатиро бошукуҳ таҷлил намуданд
«НАҚШИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАШАККУЛИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз омадани сел дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон ҳушдор медиҳад
Дар шаҳри Омск Форуми 4-уми сарварони ҷавони Русия ва давлатҳои Осиёи Марказӣ оғоз ёфт
Ҷумҳурии Тоҷикистон 67-умин давлат дар самти манъи ҷазои ҷисмонӣ нисбат ба кӯдак гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми миллии комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак оғоз гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хоруғ Маркази стоматологӣ кушода шуд
Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон бо Агентии байналмилалии энергияи атомӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонид
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи корӣ оид ба вазъи зимистонгузаронӣ доир шуд
Дар шаҳри Истаравшан Маркази саломатӣ ба истифода дода шуд