Чемпионати Осиё: дастаи мунтахаби Япония дастаи Эронро дар бозии нимниҳоӣ шикаст дод
ДУШАНБЕ, 29.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Япония дар бозии нахустини нимниҳоии Чемпионати Осиё оид ба футбол шаби гузашта дар варзишгоҳи «Ҳазза бин Зайд Стедиум»-и шаҳри Алайн дастаи мунтахаби Эронро бо натиҷаи 3:0 шикаст дод. Мухбири АМИТ «Ховар» Аловиддин Бӯриев дар ин бора гузориш медиҳад.
Дастаи мунтахаби Эрон баъди ҳунарнамоиаш дар панҷ бозии имсолаи Чемпионати Осиё аз ҷониби мутахассисони футболи қора баҳои баланд гирифт ва яке аз довталабони асосии унвони чемпионӣ ба ҳисоб мерафт. Ин даста то ба даври бозии нимниҳоӣ баромадан ба дарвозааш ягон тӯб ворид шудан намонд. Вохӯрии байни дастаҳои мунтахаби Япония ва Эронро ба финал баробар медонистанд. Эрониҳо аз ин пеш се маротиба унвони Чемпиони Осиёро (1968,1972,1976) ба даст оварда, 4 маротиба соҳиби ҷои сеюм (1980, 1988, 1996, 2004) ва як маротиба зинаи 4-умро(1984) касб кардаанд.
Дастаи мунтахаби Япония низ то кунун ягон маротиба аз қатори ҷӯяндагони унвони чемпионӣ дар Осиё берун намондааст. Аммо дар ду бозии охиринаш бо Арабистони Саудӣ (1:0) ва Ветнам (1:0) дар мусобиқаи имсола барои ғолиб омаданаш баъзе суолҳо пайдо шуданд. Танҳо бозӣ бо дастаи мунтахаби Эрон ба ин саволҳо ҷавоби арзанда медод. Япониҳо дар чемпионатҳои Осиё 4 маротиба (1992, 2000, 2004, 2011) ғолиб омада, як маротиба зинаи чорумро (2007) ишғол кардаанд.
Дар ҳузури беш аз 23 ҳазор тамошобин дастаҳо ба майдони бозӣ омаданд. Ҳамлагари япониҳо ва дастаи “Вердер Бремен”-и Германия Йуйа Осако дар дақиқаи 56 –ум ва 67-ум ду маротиба тӯбро ба дарвозаи дастаи мунтахаби Эрон зада, бартарии дастаи мунтахаби Японияро баръало намоён кард. Дар дақиқаи 1-уми вақти иловашуда боз як намояндаи Бундеслигаи Германия – Генки Ҳаракучӣ муаллифи голи сеюм шуд. Япония баъди ин пирӯзӣ ба бозии финалии Ҷоми миллатҳои Осиё баромад .
Имрӯз бозии нимниҳоии дуввум бо иштироки дастаҳои мунтахаби Қатар ва АМА баргузор мегардад.








Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд






