Дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳри Турсунзода Паёми навбатии Пешвои миллатро ба сокинон шарҳу тавзеҳ доданд

Январь 19, 2019 10:21

ТУРСУНЗОДА, 19.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади шарҳи муҳтавои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат дар шаҳри Турсунзода вохӯриҳои Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Маҳмадалӣ Ватанзода ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Садриддин Шарипов бо аҳолии шаҳр баргузор гардиданд. Дар ин бора аз маркази матбуоти раиси шаҳри Турсунзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Маҳмадалӣ Ватанзода Паёми Президенти мамлакатро мавриди шарҳ қарор дода, таъкид дошт,  ки «дар Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  самтҳои асосии сиёсати дохилӣ  ва хориҷии мамлакат, масъалаҳои  ҳифзи  дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, худшиносиву худогоҳӣ, пойдории ваҳдату суботи кишвар арзёбӣ гардидааст. Он ҳамаи самтҳои ҳаёти мамлакатро муайян менамояд ва ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум ҳар яки моро восозад, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат кӯшиши ба харҷ диҳем».

Зикр гардид, ки Паёми навбатии Президенти мамлакат ҳамчунин масъулияти занонро беш аз пеш боло бурдааст. Аз ҷониби муҳтарам  Пешвои миллат  ба модарону бонувони кишвар таъкид гардид, ки  дар риояи қонунҳои миллӣ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» фаъол гарданд. Ҳамзамон модаронро мебояд, ки  фарзандонро дар рӯҳияи илмомӯзиву ватанпарастӣ, хизмати содиқона ба Ватан, сарфаю сариштакорӣ ҳидоят намуда, дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, риояи расму ойин, анъанаву суннатҳо,  фарҳанги миллӣ ва поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ саҳми муносиб гузоранд.

Ҳамчунин  аз ҷониби гурӯҳи корӣ  зимни вохӯрӣ бо кормандони КВД «Ширкати алюминийи тоҷик» Паёми навбатӣ мавриди  тавзеҳ қарор гирифт. Аз роҳбарият ва кормандони корхонаи алюминии тоҷик даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати татбиқи ҳадафи чоруми Хукумати мамлакат–саноатикунонии мамлакат аз тамоми шароит истифода бурда, дар татбиқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат  тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Январь 19, 2019 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон