Дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳри Турсунзода Паёми навбатии Пешвои миллатро ба сокинон шарҳу тавзеҳ доданд
ТУРСУНЗОДА, 19.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади шарҳи муҳтавои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат дар шаҳри Турсунзода вохӯриҳои Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Маҳмадалӣ Ватанзода ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Садриддин Шарипов бо аҳолии шаҳр баргузор гардиданд. Дар ин бора аз маркази матбуоти раиси шаҳри Турсунзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Маҳмадалӣ Ватанзода Паёми Президенти мамлакатро мавриди шарҳ қарор дода, таъкид дошт, ки «дар Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат, масъалаҳои ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, худшиносиву худогоҳӣ, пойдории ваҳдату суботи кишвар арзёбӣ гардидааст. Он ҳамаи самтҳои ҳаёти мамлакатро муайян менамояд ва ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум ҳар яки моро восозад, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат кӯшиши ба харҷ диҳем».
Зикр гардид, ки Паёми навбатии Президенти мамлакат ҳамчунин масъулияти занонро беш аз пеш боло бурдааст. Аз ҷониби муҳтарам Пешвои миллат ба модарону бонувони кишвар таъкид гардид, ки дар риояи қонунҳои миллӣ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» фаъол гарданд. Ҳамзамон модаронро мебояд, ки фарзандонро дар рӯҳияи илмомӯзиву ватанпарастӣ, хизмати содиқона ба Ватан, сарфаю сариштакорӣ ҳидоят намуда, дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, риояи расму ойин, анъанаву суннатҳо, фарҳанги миллӣ ва поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ саҳми муносиб гузоранд.
Ҳамчунин аз ҷониби гурӯҳи корӣ зимни вохӯрӣ бо кормандони КВД «Ширкати алюминийи тоҷик» Паёми навбатӣ мавриди тавзеҳ қарор гирифт. Аз роҳбарият ва кормандони корхонаи алюминии тоҷик даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати татбиқи ҳадафи чоруми Хукумати мамлакат–саноатикунонии мамлакат аз тамоми шароит истифода бурда, дар татбиқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат тадбирҳои зарурӣ андешанд.








Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид






