Дар Чин таҳти унвони «Тоҷикистон ва Роҳи абрешим» намоиши аксҳо баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 08.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. 6 январи соли равон бахшида ба 27-умин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар маркази музофоти Шэнси — шаҳри таърихии Сиан таҳти унвони «Тоҷикистон ва Роҳи абрешим» намоиши аксҳо доир гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Намоиши мазкур аз шаш бахш – робитаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин, муносибатҳои сатҳи олӣ, ҳамкорӣ дар доираи «Камарбанд ва Роҳ», манзараҳои табиии Тоҷикистон, унсурҳо ва ҷашну маросимҳои миллӣ, иншооти меъморию фарҳангӣ, инчунин дастовардҳои Маркази омӯзиши таърихи Тоҷикистон дар Донишгоҳи омӯзгории Шэнси иборат буд.
Намоиш бо ибтикори Сафорати Тоҷикистон дар Чин ва Маркази омӯзиши таърихи Тоҷикистони Донишгоҳи омӯзгории Шэнси баргузор карда шуд.
Дар доираи иштирок дар намоиш мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Чин Парвиз Давлатзода бо роҳбарияти Донишгоҳи мазкур доир гардид.








Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Вена мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии канорӣ оид ба таҳкими ҳамкорӣ барои тавонмандсозии занон дар Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Туркия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Чин дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Форуми иқтисодии Берлин 2026 иштирок намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Хазинаи нуфус ва рушди Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд
Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили ҳуқуқӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо муовини Котиби кулли Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ мулоқот намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон дар шимолу ғарби Русия вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Ленингради Русия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Русия бо ҷавонон ва донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербург мулоқот намуд
Дар Женева дурнамо ва рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ баррасӣ шуд






