Дар Душанбе нақши институти оиладории миллӣ дар раванди бархӯрди тамаддунҳо баррасӣ гардид

Январь 25, 2019 15:30

ДУШАНБЕ, 25.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар муассисаи давлатии «Душанбе – Плаза» бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Нақши институти оиладории миллӣ дар раванди бархӯрди тамаддунҳо» конферонсия баргузор гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар»  иттилоъ медиҳад, дар он муовини Раиси шаҳр Мавсума Муинӣ, муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зевар Давлатзода, муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо занон ва  оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Олимӣ ва дигарон иштирок намуданд.

Зикр шуд, ки мақсад аз баргузории конференсия  баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, устувор гардонидани мавқеи оила дар ҷомеа, тақвият бахшидани масъулияти волидайн дар таълиму тарбияи фарзанд, тарғиби тарзи ҳаёти солим, муносибати хуби дуҷониба дар хонавода ва эҳтироми волидайн аз ҷониби навхонадорон мебошад.

Бояд гуфт, ки аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии мамлакат  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба масъалаҳои оила, дастгирии он ва таҳкими муносибатҳои оилавӣ тадбирҳои зиёди судманд андешида, онҳоро дар амал татбиқ намуд. Маҳз бо назардошти нақши муҳими ин ниҳоди ҷамъиятӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   соли 2015-ро Соли оила эълон намуданд.

Зикр шуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оиларо ҳамчун  узви асосии ҷомеа муайян намуда, дар баробари он дар мамлакат даҳҳо санадҳои меъёрию ҳуқуқии вобаста ба оила амал мекунанд, ки ба рушд ва таҳкими он, пешгирии зӯроварӣ дар оила ва ҳифз намудани  ҳуқуқҳои аъзои оила равона гардидаанд.

«Қабули Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ифодакунандаи ҳолати кунунӣ ва дурнамои сиёсати давлатӣ дар самти таҳкими мақоми оила мебошад. Асоси ин  ҳуҷҷати муҳимро, ки оила дар он ҳамчун ниҳоди иҷтимоӣ ва макони тарбияи фарзанд эътироф гардидааст, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, солимии занон ва маҷмӯи оила ташкил медиҳад», — иброз дошт муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ.

Санадҳои меъёриву ҳуқуқии дигаре, ки ба ин ниҳод вобастагӣ доранд,  ва кафолати баробарии воқеии мардону занон, пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин менамоянд, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», «Дар бораи пешгирии зўроварӣ дар оила» ва дигарҳо мебошанд.

Гуфта шуд, ки мутаассифона, масъалаи бекоршавии ақди никоҳ миёни оилаҳои ҷавон  дар шаҳри Душанбе сабаби ташвиш гардидааст. Дар 11 моҳи соли 2018  1327 ҳолати ҷудошавии оилаҳои ҷавон ба қайд гирифта шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2017 158 ҳолат  зиёд мебошад. Чуноне аз таҳлилҳо бармеояд, сабаби асосии ҷудошавии оилаҳои ҷавон- ин омода набудани навхонадорон  ба ҳаёти мустақилона, фарзанддор нашудан, мувофиқ наомадани хислати келин ба хушдоман ва ё баръакси он,  майзадагӣ,  нашъамандӣ ва ғайраҳо мебошанд.

Зимнан, оила дар фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф шуда, беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар он ташаккул меёбанд.

-Аз ин хотир, — гуфт Марҳабо Олимӣ, — ташкили оилаи солиму намунавӣ аз тарбияи фарзанд вобастагии зиёд дошта, дар ин масъала ҷомеаро зарур аст, ки  масъулияти бештар зоҳир намоянд.

«Зеро дар замони зудтағйирёбанда ва раванди бархӯрди тамаддунҳо  танҳо дар заминаи тарбияи дурусти фарзандон ва омода кардани онҳо ба зиндагии мустақилона метавон ба ташкили оила ва ҷомеаи солим даст ёфт», — илова намуд номбурда.

Ёдовар мешавем, ки пас аз анҷоми конференсия озмуни фарҳангӣ-маърифатии «Нақши оила дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар соли 2018 ҷамъбаст гардида, ғолибон бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Инчунин Мавсума Муинӣ ва дигар шахсони масъул ба ду нафар оилаи ҷавон шаҳодатномаи ақди никоҳ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.

Январь 25, 2019 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Тавассути «Почтаи Тоҷикистон» беш аз 27 миллион рӯзномаю маҷалла ба мизоҷон расонида шуд
Дар Душанбе Форуми дуюми коршиносии «Осиёи Марказӣ – Русия: рӯзномаи рушди муштарак» ба кори худ оғоз намуд
СИРДАРЁ МУТТАҲИД МЕНАМОЯД. Дар Гулистон Форуми сеюми ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2025 баргузор мегардад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Ба 200 нафар занон — ғолибони лоиҳаҳои гранти президентӣ дар соли 2025 Диплом супорида шуд
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазорати маорифи Русия Ёддошти тафоҳум ба имзо расонд
Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсони Давлати Қатар ба имзо расид
Дар Хуҷанд доир ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон ҳамоиш баргузор гардид
Татяна Москалкова бо мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуд
Байни вазоратҳои тандурустии Тоҷикистон ва Русия Харитаи роҳ барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
Масъалаи табодули таҷрибаи табибони Тоҷикистону Русия баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми минтақавии роҳбарони сохторҳои ҳолатҳои фавқулода баргузор мегардад
IRS: Ҳаракат дар роҳи Душанбе-Чанок муваққатан маҳдуд карда шуд