Дар Душанбе оид ба масъалаи ҷудошавии оилаҳои ҷавон ва роҳҳои пешгирии он ҳамоиш доир мегардад
ДУШАНБЕ, 21.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. 23 январи соли равон бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Омӯзиши масъалаи ҷудошавии оилаҳои ҷавон ва роҳҳои пешгирии он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамоиш баргузор мегардад. Дар ин бора аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ҳамоиши мазкур дар толори Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуда, дар он намояндагони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, Шӯрои уламо, мудирони шуъбаҳои кор бо занон ва оила, бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ вобаста ба вазъи пошхӯрии оилаҳои ҷавон маърӯза мекунанд.
Мақсад аз баргузор намудани ҳамоиши «Омӯзиши масъалаи ҷудошавии оилаҳои ҷавон ва роҳҳои пешгирии он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»- ин пешгирии ҷудошавии оилаҳо ва пайдо намудани роҳҳои ҳалли ин масъалаи мубрам мебошад.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






