Дар Хатлон ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон баргузор гардид

Январь 9, 2019 13:43

БОХТАР, 09.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар   шаҳри  Бохтар  ҷаласаи  Шӯрои кор бо  ҷавонони    назди Раиси  вилояти Хатлон  баргузор гардид.  Масъалаи асосие, ки зимни ҷаласа баррасӣ гардид, ҷамъбасти  фаъолияти кори Шӯрои мазкур буд. Дар  назди аъзои Шӯро ва даъватшудагон  раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода  сухан гуфт.

«Маҳз иқдому дастгириҳои мунтазами Сарвари давлат, Ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ аст, ки имрӯз ҷавонони мо бо азму иродаи қавӣ илму дониш ва касбу ҳунар меомўзанд ва ба хотири ободиву пешрафти кишвари маҳбубамон фаъолона саъю талош менамоянд»,-иброз  намуд раиси  вилоят.

Ба зикри Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода,  «мо бояд тамоми кӯшишу имкониятҳоямонро ба он равона созем, ки фарзандонамон дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносӣ, омӯхтани илму дониши муосир ва касбу ҳунарҳои замонавӣ ба камол расанд».

Ҳамзамон  раиси  вилояти Хатлон  зарур  шуморид, ки  усули корбарии тарғиботӣ, маърифатӣ ва фарҳангиамонро куллан дигар намуда, дараҷаи таъсирнокии онҳоро бояд баланд бардорем.

Январь 9, 2019 13:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд