Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш доир гардид

Январь 31, 2019 09:10

ДУШАНБЕ, 31.01.2019. /АМИТ «Ховар»/.  Дирӯз дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо мақсади татбиқи босамари сиёсати давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ҳамоҳангсозӣ ва баррасии масъалаҳои соҳаи варзиш, ҷараёни иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2011, №123” ҷаласаи навбатии Шӯро баргузор гардид.

Дар ҷаласа Раиси Шӯро, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба сиёсати давлатии соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мушкилот ва дурнамои он маърӯза намуд.

Азим Иброҳим иброз дошт, ки аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ соҳаи варзиши мамлакат, махсусан варзишгарон зери таваҷҷуҳи ҳамешагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.
Дар доираи чунин дастгириҳо ҷавонони бонанги кишвар, аз ҷумла Дилшод Назаров, Мавзуна Чориева, Расул Боқиев, Беҳрӯз Хоҷазода, Хушқадам Хусравов ва садҳо фарзандони ватандӯст давлати моро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ карданд.

Ба таври мисол, метавон зикр намуд, ки агар дар 70 соли собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ варзишгарони тоҷик ҳамагӣ 133 медал ба даст оварда бошанд, дар 27 соли соҳибистиқлолӣ ин шумора ба 4602 адад расид, ки 34,6 маротиба зиёд аст.

Баҳри тамрини варзишгарон ҳудуди 10 ҳазор иншооти варзишӣ фаъолият дошта, танҳо давоми ду соли охир ба истифода дода шудани зиёда аз 200 иншооти гуногуни варзишӣ дар шаҳри Душанбе бозгӯи олии мавриди таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат қарор доштани ҷавонону варзишгарон мебошад.

Айни замон дар 140 мактаби варзишӣ 3950 гурӯҳ бо  47 715 нафар варзишгарони касбӣ фаъолият менамоянд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2019 нафар зиёд буда, 5492 нафарашро  бонувон ташкил медиҳанд.

Дар ҷаласа ҳисоботи раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муовини раиси Шӯро Аҳтам Абдуллозода вобаста ба татбиқи бандҳои Протоколи ҷаласаи Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 октябри соли 2017, нақшаи кори он вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни суханронӣ дар Ассамблеяи XVII генералии Кумитаи миллии олимпӣ ва мулоқот бо масъулини соҳаи варзиш 14 феврали соли 2018 баён доштанд, шунида шуд.

Аҳтам Абдуллозода махсусан таваҷҷуҳи иштирокдоронро ба банди 17-и Нақшаи мазкур вобаста ба таъсиси гурӯҳи кории байниидоравӣ барои омодагии варзишгарон ба Бозиҳои тобистонаи олимпӣ ва паралимпии Токио-2020, Бозиҳои зимистонаи олимпӣ ва паралимпии 2022 (Пекин, Чин) ва ҷалби сарпарастон барои Кумитаи миллии олимпӣ, федератсияҳо ва намудҳои варзиш, ҳисоботи аъзои Шӯро аз ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ вобаста ба фаъолияти шӯроҳо дар сатҳи маҳал ҷалб намуд.

Зикр гардид, ки соли 2018 дар назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Муассисаи давлатии “Такмили ихтисоси масъулини соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш”, Шуъбаи кор бо дастаҳои мунтахаб ва Муассисаи давлатии “Маркази омодагии олимпии дастаҳои мунтахаб” таъсис дода шуд, ки ҳадафи асосии онҳо рушду нумӯи тарбияи ҷисмонию варзиш ва таҳкими тарзи ҳаёти солим миёни аҳолӣ арзёбӣ мегардад.

Дар хатми ҷаласа нақшаи кори Шӯро барои соли 2019 тасдиқ гардид.

Январь 31, 2019 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Беҳтаринҳои Лигаи футболи Тоҷикистон дар соли 2024 муайян ва соҳиби ҷоизаҳо шуданд
Дар Душанбе маросими ҷоизасупории Лигаи футболи Тоҷикистон-2024 баргузор мегардад
Федератсияи футболи Тоҷикистон кӯшиш дорад, ки дастаи мунтахаби «Помир»-и Бадахшон ба Лигаи дуюми футбол барояд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) ба машқҳои дастҷамъӣ ҷалб гардид
Устоди Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар Панҷакент дар мусобиқаи байналмилалӣ аз намуди пауэрлифтинг соҳиби медали тилло гардид
Ҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон Зоир Ҷӯрабоев дастаашро дар Суперлигаи Узбекистон иваз кард
Даҳ варзишгари беҳтарини Тоҷикистон дар соли 2024 муайян гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Беларус бозии дӯстона баргузор мекунад
ФУТБОЛ. Дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва Хуҷанд даврҳои таълимӣ аз рӯйи барномаи сертификати «С» идома доранд
Беҳтаринҳои Федератсияи байналмилалии гӯштингирӣ ва Федератсияи гӯштингирии Тоҷикистон муайян шуданд
Шоҳмотбоз аз Тоҷикистон Надежда Антонова дар чемпионати Осиё медали тилло ба даст овард
60 варзишгари беҳтарини вилояти Суғд барои дастовардҳо дар соли 2024 қадрдонӣ гардиданд