ДАР ПАРТАВИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар вилояти Суғд иншооти соҳаи тандурустӣ бунёд мешаванд

Январь 19, 2019 10:00

ДУШАНБЕ, 19.01.2019. /АМИТ «Ховар»/. Пешвои миллат зимни суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи мамлакат 12 майи соли 2018 зикр намуданд, ки давоми се соли дарпешистода зарур аст, ки дар ҳар як маҳалли аҳолинишин, шаҳраку деҳот ва деҳаҳои калон бунёд ва таъмиру навсозии муассисаҳои томактабӣ, мактабҳои таҳсилоти умумӣ, марказҳои саломатӣ бо таваллудхонаҳо барои на камтар аз 10-15 кат ва ҳуҷраҳои махсус барои анҷом додани хатна, бунгоҳҳои тиббӣ ва майдончаҳои варзишӣ вусъат дода шавад.

Ҷиҳати  иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани солҳои 2019-2021 ва бо мақсади беҳтар кардани шароити хизмарасонии тиббӣ дар беморхонаҳо ва дигар муассисаҳои тиббии мамлакат як зумра иншооти мувофиқ ба талаботи муосир ба истифода дода мешаванд.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи ичтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, соли 2018 дар миқёси вилояти Суғд таъмири як зумра иншооти соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла беморхонаҳо ва марказҳои табобатии вилоятӣ, беморхонаҳои марказии шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва минтақавии ноҳияҳои Б. Ғафуров, Ашт, Зафаробод, Мастчоҳ, Деваштич, Шаҳристон, Ҷ. Расулов ва шаҳрҳои Исфара, Конибодом, Истаравшан, Бӯстон, Гулистон, Истиқлол, Панҷакент ва Хуҷанд ба итмом расонида шуд.

Мавриди зикр аст, ки соли 2019 бунёди иншооти тиббӣ ва беморхонаҳо дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Панҷакент, Конибодом, Айнӣ, Деваштич, Б.Ғафуров, Кӯҳистони Мастчоҳ, Истаравшан, Ҷ. Расулов, Мастчоҳ ва дигар шаҳру ноҳияҳо ба нақша гирифта шудааст.

Январь 19, 2019 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон