ДАР ПАРТАВИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар вилояти Суғд иншооти соҳаи тандурустӣ бунёд мешаванд
ДУШАНБЕ, 19.01.2019. /АМИТ «Ховар»/. Пешвои миллат зимни суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи мамлакат 12 майи соли 2018 зикр намуданд, ки давоми се соли дарпешистода зарур аст, ки дар ҳар як маҳалли аҳолинишин, шаҳраку деҳот ва деҳаҳои калон бунёд ва таъмиру навсозии муассисаҳои томактабӣ, мактабҳои таҳсилоти умумӣ, марказҳои саломатӣ бо таваллудхонаҳо барои на камтар аз 10-15 кат ва ҳуҷраҳои махсус барои анҷом додани хатна, бунгоҳҳои тиббӣ ва майдончаҳои варзишӣ вусъат дода шавад.
Ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани солҳои 2019-2021 ва бо мақсади беҳтар кардани шароити хизмарасонии тиббӣ дар беморхонаҳо ва дигар муассисаҳои тиббии мамлакат як зумра иншооти мувофиқ ба талаботи муосир ба истифода дода мешаванд.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи ичтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, соли 2018 дар миқёси вилояти Суғд таъмири як зумра иншооти соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла беморхонаҳо ва марказҳои табобатии вилоятӣ, беморхонаҳои марказии шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва минтақавии ноҳияҳои Б. Ғафуров, Ашт, Зафаробод, Мастчоҳ, Деваштич, Шаҳристон, Ҷ. Расулов ва шаҳрҳои Исфара, Конибодом, Истаравшан, Бӯстон, Гулистон, Истиқлол, Панҷакент ва Хуҷанд ба итмом расонида шуд.
Мавриди зикр аст, ки соли 2019 бунёди иншооти тиббӣ ва беморхонаҳо дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Панҷакент, Конибодом, Айнӣ, Деваштич, Б.Ғафуров, Кӯҳистони Мастчоҳ, Истаравшан, Ҷ. Расулов, Мастчоҳ ва дигар шаҳру ноҳияҳо ба нақша гирифта шудааст.








КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн






