Дар Тоҷикистон рӯзҳои наздик ҳавои хеле сард ва тармафароӣ дар назар аст

Январь 29, 2019 11:43

ДУШАНБЕ, 29.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои наздик дар ҷумҳурӣ ҳаво хеле сард шуда, фаромадани тарма дар назар аст. Дар ин бора Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.  

«Ҳамин тариқ, дар давраи аз 30 то 31 январ дар ҷумҳурӣ ҳавои ноустувор дар назар буда,  боришоти сахт (дар водиҳо боридани борон ва дар минтақаҳои кӯҳӣ барф) дар назар аст», — иттилоъ медиҳад манбаъ.

30 январ боришоти хеле сахт дар назар аст. Инчунин дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва доманакӯҳҳои вилояти Хатлон боришоти сахт ба амал меоянд. Дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва дар ғарби ВМКБ тармафароии хатарнок дар назар аст.

Дар робита ба ин, Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сокинон ва меҳмонони ҷумҳурӣ дар ин рӯзҳо эҳтиёткор буданро хоҳиш дорад.

Январь 29, 2019 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш

ҒИЗОИ СОЛИМ. Пӯдина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруф аст
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд