ДАРАХТ БИНШОН! «Як дарахте, ки мо мешинонем, дар як сол 120 кг кислород хориҷ мекунад», — мегӯяд муовини Раиси ноҳияи Фирдавсӣ Ҷамшед Ватанзода

Январь 19, 2019 12:17

ДУШАНБЕ, 19.01.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имсол бори аввал аз Ҷумҳурии бародари Ӯзбекистон 50 ҳазор қаламчаи садбарги ҳолландӣ дастрас карда шуд. Дар рӯзҳои наздик боз овардани 50 ҳазор қаламчаи дигар аз ин кишвар пешбинӣ шудааст.  Садбарге, ки аз Ӯзбекистон оварда шуд, намии зиёдро дар худ нигоҳ дошта, ба ҳавои гарм ва хушкӣ тобовар аст. Фарқияташ аз дигар садбаргҳо дар он аст, ки гули зиёд ба бор меорад. Баландиаш то 180 метрро ташкил медиҳад. 

Ин матлабро муовини Раиси ноҳияи Фирдавсӣ оид ба ободонию сабзазоркунӣ Ҷамшед ВАТАНЗОДА   ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ   хабар дод.

Бояд гуфт, ки имрӯзҳо  дар пойтахти мамлакат дар доираи иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ  оид ба вусъати сабзкорӣ дар мавсими тирамоҳи соли 2018 ва баҳори соли 2019 шинондани ниҳолу буттаҳо ва гулҳои мавсимию бисёрсола ба маъракаи оммавӣ табдил ёфтааст. Дар доираи иҷрои қарори Раиси шаҳр то 11 январи соли 2019 дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсӣ зиёда аз 13 ҳазор бех ниҳолҳо шинонда шудаанд.

Бино ба маълумоти ҳамсуҳбат, як миқдори ниҳолҳо аз Боғи миллӣ, шаҳри Хуҷанд ва гармхонаҳои пойтахт оварда шуда, як қисми дигар дар гармхонаи Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳия парвариш ёфтаанд. Аз ин миқдор дарахтони сояафкан 540 бех, ороишӣ зиёда аз 12 ҳазор, мевадиҳанда 328 ва буттаҳо 340 бехро ташкил медиҳанд. Хусусан шинондани гулҳои мавсимию бисёрсола вусъати тоза гирифта, дар ин давра беш аз 146  ҳазор дона гул шинонда шудаанд. Аз ин шумора гули мавсимӣ 62 ҳазору 345 ва бисёрсола 84 ҳазору 29 донаро ташкил медиҳад. Ҳамчунин дар гӯшаю канори ноҳия  зиёда аз 117 ҳазор бех гули лола коштаанд, ки  ҳусни ин гӯшаи пойтахтро боз ҳам зеботар менамоянд.

«Барои таъмини сабзиши ниҳолҳо ба сохти биологии онҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Дар вақти шинонидани ниҳол маслиҳати мутахассисони соҳа низ ба инобат гирифта мешавад. Зеро риояи қоидаи агротехникӣ барои сабзиши дарахтони шинонидашуда таъсири мусбат мегузорад. Масалан, пеш аз он ки гулу буттаҳо аз хориҷ ба мамлакати мо оварда шаванд, аввал муайян карда мешавад, ки оё ин ниҳол ба иқлими мо мувофиқ аст ё не. Барои он ки дарахтон аз гази нақлиёт ва аз тафсу гармии асфалту ҳаво хушк нашаванд, онҳоро аз роҳ  дуртар мешинонем. Дар канори роҳҳо дарахтоне шинонда мешаванд, ки газу чанги нақлиётро фурӯ бурда, ҳаворо тоза нигоҳ медоранд»,-гуфт номбурда.

Мавриди зикр аст, ки роҳи соҳилӣ роҳест, ки ҳамарӯза садҳо ҳазор нафар пиёдаву савора аз он мегузаранд.  Ободии роҳ барои тақвият бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ, фароҳам овардани шароити хуб барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва равуои пиёдагардон мебошад.

Имрӯз ин роҳро сабзу хуррам, гулпӯшу гулбасар мебинем. Кормандони Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Фирдавсӣ  кӯшиш доранд, ки роҳ ҳамеша тозаву озода ва гулпӯш бошаду диққати ҳамагонро ба худ ҷалб созад.

Тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ,  дар ду тарафи роҳи соҳилӣ ниҳолҳои дарахтони сояафкану ҳамешасабз, аз ҷумла можжевелник, сӯзанбарги 4-сола ва 5-сола шинонида шуда, атрофи он бо арча панҷара шудааст, ки он барои пешгирии ҳодисаҳои нохуш ва риоя кардани қоидаҳои роҳ аз ҷониби шаҳрвандон мусоидат мекунад.

«Кормандони Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳия ба муносибати 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри муташаккилона гузаронидани маъракаи сабзазоркунӣ, гулзоркунӣ, ободонӣ, дарахтшинонӣ ва тозаю озода нигоҳ доштани маҳалли зист ҷидду ҷаҳд намуда истодаанд. Зеро зебоӣ, тозагӣ ва ободонии ҳар як гӯшаи кишвар ба рушду нумӯи Ватани азизамон мусоидат мекунад. Агар ҳар нафари тавассути ин шоҳроҳ равуокунанда як лаҳза ҳам аз зебоии атроф ва ободии роҳ баҳраманд гардад, худро хушбахт эҳсос хоҳем кард», — мегӯяд агрономи Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Фирдавсӣ Толиб Маннонов.

Ба нақли номбурда, алҳол дар ду тарафи ин роҳ ҳазорҳо бех дарахтону буттаҳои ороишӣ ва навъҳои гуногуни гули садбарг  шинонида шудаанд. Гулҳои ороишӣ, аз ҷумла карамгул, садбарги зарина, садбарги ҳоландӣ ва ниҳолҳои сӯзанбарг қадди роҳро назаррабо гардонидаанд.

Дар айни ҳол дар кӯчаи Неъмат Қарабоев ивазкунии қубурҳо ҷараён дорад. Қарор аст, ки дар муддати 40 рӯз он ба охир расид. Ба иттилои масъулин, баъди таъмири қубурҳо дар ин мавзеъ ҳам дарахтони ҳамешасабзу сояафкан ва гулҳои ороишӣ шинонида мешавад.

Масъалае, ки Ҷамшед Ватанзода аз он изҳори нигаронӣ кард, ин бепарвоии баъзе сокинон нисбат ба аз байн бурдани ниҳолҳои шинондашуда  мебошад. «Сабзкорию ободонӣ кори дастаҷамъӣ аст ва дар самти ҳифзи дарахтону буттаҳо ва гулҳо бояд ҳамагон масъулият дошта бошанд. Сабзкориву ниҳолшинонӣ на фақат аҳамияти бузурги сарсабзу зебогардонӣ дорад, балки хатарҳои мудҳиши экологиро низ аз байн мебарад. Як дарахте, ки мо мешинонем, дар як сол 120 кг кислород барои ду нафар хориҷ мекунад. Аз ин рӯ аз сокинон даъват мекунам, ки бо ҳисси баланди шаҳрнишинӣ дар корҳои созандагию бунёдкорӣ саҳми худро гузоранд»,-изҳор намуд муовини Раиси ноҳияи Фирдавсӣ Ҷамшед Ватанзода.

Мавриди зикр аст, ки барои    ҳифзи тандурустӣ  тозаву озода нигоҳ доштани хона, кӯча, майдонча, роҳраву ҷӯйборҳо ва иншооти дигар хеле муҳим аст. Мардуми тоҷик аз қадим ба масъалаҳои муҳити зист ва истифодаи босамари захираҳои табиӣ диққати махсус дода, дар ниҳолшинонию ободкорӣ саҳми назаррас гузоштаанд. Зеро дар фарҳанги гузаштагони пурифтихори мо гиромӣ доштани об, хок, бод ва оташ, ки бунёди олам бар ин чаҳор унсур асос ёфтааст, мавқеи муҳим дорад.

Ин нукта ишора бар он дорад, ки ҳар як шаҳрванди соҳибмаърифат дар заминаи ҳифзи сарватҳои табиат, гуногунии биологӣ ва муҳите, ки моро иҳота намудааст, вазифадор буда, бояд дар поку беолоиш нигоҳ доштани табиат, ки онро хонаи умумии инсоният хондаанд, саҳми босазои худро гузорад.

Январь 19, 2019 12:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузории Тоҷикистон ва Индонезия баррасӣ шуд
Дар Душанбе ҷаласаи даҳуми Шурои ҳамоҳангсози миллӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид
Дар Озарбойҷон ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар самти ҳифзи пиряхҳо таъкид гардиданд
Масъалаҳои фаъолияти дидбонгоҳҳои гумрукии наздисарҳадӣ баррасӣ шуданд
Ҷаласаи 7-уми Комиссияи муштараки ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникии Тоҷикистон ва Покистон доир мегардад
Дар Душанбе Лоиҳаи дуюми мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатӣ баррасӣ гардид
Дар Сингапур имконияти ҳамкории дуҷониба бо Тоҷикистон баррасӣ шуд
Пагоҳ дар вилояти Хатлон Форуми байналмилалии сармоягузорӣ доир мегардад
Дар Боку бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон оид ба мониторинги криосфера ва ҳамкорӣ барои тақсимоти захираҳои обӣ чорабинии канорӣ доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми тиҷоратӣ-сармоягузории кишварҳо дар шаҳри Сингапур иштирок намуд
Дар Тоҷикистон Барномаи «Маблағгузории занҷираи арзиши агросектор» ҷамъбаст гардид
Ҷалби сармоягузории мустақими Ҷумҳурии Сингапур ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда шуд