Даргузашти собиқ сармураббии дастаи «Помир» (Душанбе) Иштван Секеч
ДУШАНБЕ, 29.01.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 28 январ, қалби собиқ футболбоз ва мураббӣ Иштван Йожефович Секеч аз тапидан бозмонд. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Ӯ 79 сол дошт. Сокини Береговои Венгрия пас аз хатми мактаби миёна дар ҳайати дастаи «Спартак»-и Ужгороди Украина ҳунарнамоиро оғоз намуд. Баъдан дар ҳайати дастаи дуюми «Динамо»-и Киев ҳунарнамоиашро идома дод. Илова бар ин, Секеч дар ҳайати дастаҳои «Авангард»-ҳои Тернопол ва Харков, дастаҳои артиши Лвов ва Одесса, «ССКА»-и Москва ва «Черноморетс»-и Одесса бозидааст.
Ӯ дар ҷаҳони футбол шахсияти то як дараҷа шинохта аст.
«Ӯ чусту чолок ва аз ҷиҳати физикӣ пурқувват буда, аз паси худ шариконашро пеш мебурд», — гуфта мешавад дар Энсиклопедия оид ба футбол дар бораи Иштван Секеч.
Ҳамчунин дар энсиклопедия гуфта мешавад, ки Секеч яке аз мураббиёни барҷастаи футболи шӯравии солҳои 70-ум ва 80-ум буда, дорои қобилияти муттаҳид кардани бозингарон, ҳидоят намудани онҳо барои расидан ба ҳадафҳои баланд ва ҷалб сохтани ҷавонони боистеъдод ба даста мебошад.
Иштван Секеч ягона мураббиест, ки сазовори унвони Мураббии шоистаи Тоҷикистон, Россия ва Ӯзбекистон гардидааст.
Иштван Секеч 5 сол (1973-1978) сармураббии дастаи «Помир»-и Душанбе ва баъдан «Карпат»-и Лвов буд. Пас аз фоҷиае, ки соли 1979 бо дастаи «Пахтакор» рух дод, Секечро барои ташаккули ҳайати нав ба даста даъват карданд.
Дар бораи солҳои фаъолияташ дар Тоҷикистон дар солҳои 70-ум Иштван Секеч ба рӯзноманигорон чунин ибрози андеша карда буд:
«Дар Душанбе ман ба осонӣ фаъолият менамудам, зеро бовариро эҳсос мекардам. Дар чор бозии аввал мо ду маротиба бохтем ва ду маротибаи дигар мусовӣ бозидем, вале ман аз роҳбарият ягон калимаи ноҷо нашунидам. Мо ба хона омадем ва дар ҷои охирони ҷадвали мусобиқа қарор доштем. Раиси вақти Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон Набиев тамоми дастаро ба назди худ даъват намуда, ба мо гуфт, ки оромона кор кунем ва дар бораи натиҷаҳо фикр накунем. Ӯ футболро мефаҳмид ва давоми омодагии пешазмавсимӣ кори пурмаҳсули моро дида буд. Натиҷа маътал накард».
Соли 1979 «Помир» соҳиби медали биринҷии чемпионати Лигаи якуми ИҶШС гардид.
Соли 2003 таҳти роҳбарии Секеч «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода чемпиони Тоҷикистон гардид ва соли 2004 ӯ мураббӣ-машваратчии дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон буд. Соли 2006 Иштван Йожефович «ССКА»-и Душанберо роҳбарӣ намуд.








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ аз мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ 446 медал ба даст оварданд
Дар Душанбе Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷиу-ҷитсу байни калонсолон баргузор гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал иштирокашро дар Ҷоми Осиё-2026 ба анҷом расонид
Дар Клуби марказии варзишии Артиши Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дастаи занона таъсис ёфт
Пагоҳ дар Душанбе Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷиу-ҷитсу байни калонсолон баргузор мешавад
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дуюми худро анҷом дод
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо тими Ҷопон бозӣ мекунад
ҶОМИ ФУТЗАЛИ ОСИЁ-2026. Бозии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Узбекистон мусовӣ анҷом ёфт
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо ҳамтоён аз Ҳиндустон бозиҳои санҷишӣ анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи Узбекистон бозӣ мекунад
Довар аз Тоҷикистон бозиҳои қисми ниҳоии Ҷоми футзали Осиё-2026-ро ҳакамӣ мекунад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон беш аз 20 майдонча ва толори варзишӣ сохта шуд






