Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Ҷоми рушд-2019 ҷойи 6-умро ишғол кард
ДУШАНБЕ, 28.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Чанд дақиқа пеш дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2019» дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус пас аз бохт аз ҳамсолони исландии хеш бо ҳисоби 2:1 мақоми шашумро ба даст овард.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ин бозии ҷолиб барои ишғоли мақоми панҷуми мусобиқа буд, зеро дар бозиҳои гузашта дастаҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистон ва Исландия бар ҳарифони худ-Булғория ва Белгия пирӯзӣ ба даст оварда буданд.
Як голи дастаи моро ҳамлагари моҳир Рустам Соиров ба ҳадаф расонид. Баромади дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар ин мусобиқа миёни 12 дастаи аврупоӣ арзанда арзёбӣ мешавад.
Ёдовар мешавем, ки ширкат намудан дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2019» як марҳилаи омодагии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба Чемпионати ҷаҳон-2019 байни футболбозони то 17- сола маҳсуб мешавад.








Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд






