ХУРОФОТ ВА ИФРОТГАРОӢ ҶАҲОЛАТ ВА ТОРИКИСТ. Бегонашавӣ ва фаъолияти ғаразноки наҳзатиён зери ниқоби дин идома дорад

Январь 12, 2019 12:13

ДУШАНБЕ, 12.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар  ҷаҳони пуртазоду бисёр ҳассос, ки раванди ҷаҳонишавӣ рӯз ба рӯз шиддат мегирад,  баҳсу талошҳои идеологӣ низ марҳила ба марҳила вусъат меёбанд. Аз ин рӯ, ҳар як миллату давлат нисбат ба ҳифзи манфиатҳои миллии худ  талош меварзад. Дар ин замина Ҷумҳурии  Тоҷикистон низ барои пойдории фарҳанг ва ҳифзи арзишҳои миллӣ саъй менамояд.   

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки худ давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад, … барои ҳар як инсон шароити зиндагии мусоиду арзанда фароҳам меорад. Ин матлаб дар оғози матни Конститутсияи мо дарҷ гардидааст, ки асоси идеалогияи давлати миллии моро ташкил дода, яке аз бахшҳои муқаддасоти миллии мо маҳсуб меёбад. Ҳамчунин мавриди зикр аст, ки кулли арзишҳои моддӣ ва маънавии мо дар асоси ин матн бояд ташаккул ёфта, манфиатҳои он ба таври қатъӣ аз тарафи шаҳрвандон,  ҳизбҳо,  гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва ақаллиятҳои нажодиву динӣ, новобаста аз арзишҳои гузаштаи таърихии худ ба ҳисоб гирифта шаванд.  Вале имрӯз дар ҷомеаи мо ҳизбу ҳаракатҳое вуҷуд доранд, ки ин матолибро сарфи назар карда, мехоҳанд ба осонӣ, тавассути чарбзабонӣ, бо зикри камбудию мушкилоти ҳаёти аҳли ҷомеа ва интиқоди фаъолияти мақомоти давлатӣ таваҷҷуҳи мардумро ба худ ҷалб созанд. Аз ҷумла, ТТЭ ҲНИ дар симои роҳбарону намояндагони фаъоли худ ин роҳи боз ҳам содатарро идома медиҳад. Баррасиҳои ҷомеашиносон нишон медиҳанд, ки ҲНИ бо наздикшавии чорабиниҳои муҳими сиёсӣ пайи амалӣ намудани ҳадафҳои гуногуни нопоки хеш талош меварзад. Махсусан роҳбарияти ҳизби мазкур бо ҳар восита мекӯшанд хешро дар ҷомеа бештар муаррифӣ намоянд. Вале мардуми бофарҳанги тоҷик хуб медонад, ки касоне, ки ба нафъи мардум, хусусан сокинони маҳаллу ноҳияи худ кори неке анҷом медиҳанд, эҳтиёҷ ба таблиғу ташвиқ надоранд, зеро халқ довару дастгири онҳост. Мутаассифона, роҳбарияти ҲНИ, бавижа М. Кабирӣ кӯшиши бештаре ба харҷ медиҳад, ки дар сиёҳ намудани мақомоти давлатӣ аз дигарон пештар гузарад. Онҳо хидмати холисонаи Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки пайваста дар роҳи таъмини шаҳрвандон бо ҷои кор, рушди бемайлони соҳаҳои маорифу тандурустӣ, риояи ҳуқуқҳои шаҳрвандон, бахусус озодиҳои эътиқодии мардуми мусалмон талош меварзанд, нодида мегиранд.

Аъзои ҲНИ  хуб медонанд, ки фирефтани як қисми мардум осонтар аст. Зеро як қисми алоҳидаи мардум на ба амал, балки ба сухани болохонадору фиребандаи роҳбарони ҲНИ зудтар бовар мекунанд. Вале, хушбахтона, мардуми огоҳе ҳастанд,  ки хуб медонанд дини мубини ислом муқобили инсонҳои худпарасту фосиқ буда, душманӣ, ҳасад ва кибру ғурурро маҳкум менамояд. Нафароне, ки воқеан ин арконро  дар амал татбиқ менамоянд, дар миёни ҷомеа иззату обрӯ пайдо мекунанд. Мутаассифона, бархе аз тақводорон  зери ниқоби ислом баромад карда, баҳри амалӣ кардани ниятҳои нопоки худ, мафкураи ҷомеаро заҳролуд намуда, ғояҳои дини мубини исломро аз нигоҳи ғаразноки худ шарҳ медиҳанд ва мардумро ба роҳи ифротгароиву хурофотпарастӣ ҳидоят мекунанд. Ифротгароиву хурофотпарастӣ солҳои охир дар ҷомеа, махсусан дар байни насли ҷавон ба як бемории сирояткунандае  табдил ёфтааст ва бояд дар табобати он тамоми равшанфикрони ҷомеа кӯшиш ба харҷ диҳанд. Зеро ба қавли мутафаккири бузурги форсу тоҷик Саъдии Шерозӣ:

Мунағғас бувад айши он тандуруст,

Ки бошад ба паҳлӯи бемори суст.

Аз ин шоҳбайти Саъдии Шерозӣ бармеояд, ки айши он инсони тандурусте, ки дар паҳлӯи ӯ бемори сусту заиф нола мекунад, ҳамеша хираву ногувор аст. Ва гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ин худаш як бемориест, ки ба айши ҷавонони тандурусту лаёқатманди кишвари озоду ободамон халали ҷиддӣ ворид менамояд.

Дар ин сурат ҷомеаро зарур меояд, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд, зеро ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ сарчашмаи чаҳолату торикӣ буда, ба миллат ва мардуми тоҷик танҳо бадбахтӣ меоранд ва барои рушду тараққиёти ҷомеаву давлат монеаи ҷиддӣ эҷод мекунанд.

Ин ҷо мехоҳам суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ёдовар шавам, ки гуфтаанд: «Бузургтарин хатарҳое, ки ба ҷомеаи муосир таҳдид доранд, таассубу ифротгароӣ, терроризм ва бо мақсадҳои ғаразноки гурӯҳӣ ба тарзи сунъӣ сиёсӣ намудани ислом аст. Ҳимояи ислом аз ин зуҳуроти номатлуб танҳо кори мақомоти давлатӣ нест, балки вазифаи асосии иттиҳодияҳои динӣ, Маркази исломии Тоҷикистон, Шӯрои уламо ва ҳар як донишманди улуми исломӣ низ мебошад. Зеро касе ҳаққи сӯиистифода аз эътиқод ва эътимоди динии мо ва махлутгардонии онро дар муборизаҳои шахсиву сиёсӣ надорад. Ифротгароӣ ва таассуб дар ҳар шакл ба ҳар миллату давлат ва дину эътиқоди мардум хатари зиёд дорад».

Дар он суханронӣ Сарвари давлат аз он изҳори нигаронӣ карданд, ки ҳоло   зуҳури таассубу ифротгароӣ ва терроризмро бештар ба бекорӣ ва бенавоиву камбизоатӣ нисбат медиҳанд.

«Албатта, мо мефаҳмем, ки фақру бекорӣ барои зуҳури ифротгароӣ ва терроризм дар тамоми ҷаҳон шароити мусоид ба вуҷуд меоварад, вале бояд гуфт, ки мудохилаи хориҷӣ бо истифода аз сатҳи пасти саводу фарҳанг ва маърифати дунявию динӣ, нохудогоҳӣ, бетараф будан нисбат ба арзишҳои волои милливу динӣ дар замони муосир аз омилҳои асосии пайдоиш ва шиддат гирифтани ифротгароӣ гардидааст»- изҳор намуданд Ҷаноби Олӣ.

Ба андешаи Пешвои миллат, мутаассифона, масъулони сохтору мақомоти давлатӣ, ходимони дин ва онҳое, ки дониши динӣ доранд, ба ин масъала на ҳамеша бо ҷиддият машғул мешаванд ва баъзе мавридҳо дар рафъи ин камбудиҳо камфаъолиятӣ ё ҳатто бепарвоиву бетарафӣ зоҳир менамоянд.

Ҷомеаи мо ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонист ва таъсири ҷараёнҳои ифротии навзуҳур тавассути шабакаи интернет ва дигар воситаҳои иттилоотӣ ба шуури баъзе ҷавонони ноогоҳи мо низ эҳсос мегардад. Як қисми ҷавонон дар пайравӣ аз ҳамин андешаҳои ифротӣ ҳатто арзишҳои миллиро аз нигоҳи маҳдуди худ ширку бидъат эълон кардаанд.

«Таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ба таври возеҳ собит месозад, ки маҳз рушди илму технологияҳои муосир асос ва шарти муҳимтарини пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёт ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум мебошад. , — гуфтанд Сарвари давлат. — Бинобар ин, моро низ зарур аст, ки ба рушди иқтисодиву технологии кишварамон, тараққиёти илму маориф, тарбияи кадрҳо ва ҳарчи бештар ҷорӣ кардани техникаву технологияҳои муосир диққати махсус диҳем».

Хурофот ва таассубу ифротгароӣ ҷаҳолат ва торикист ва ба мардуми Тоҷикистон танҳо бадбахтӣ меорад, на чизи дигар. Андешамандони тоҷик ба сокинони кишвар хотирнишон месозанд, ки фирефтаи ҳаракатҳои иртиҷоӣ нашаванд, зеро мақсади ниҳоии намояндагони ин ҳаракатҳо он аст, ки зери ниқоби дини мубини ислом ғаразҳои нопоки хешро амалӣ намуда, вазъи ҷомеаро ноором намоянд. Зеро таҳдидҳои нави ҷаҳонӣ таъсири манфии худро ба тамоми гӯшаву канори дунё мерасонанд.

Мушкилоти асосии даҳсолаҳои охирро ҳамин таҳдидҳои навини олам ташкил медиҳанд. Ба қатори чунин таҳдидҳо‚ пеш аз ҳама‚ терроризм, эктремизм гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, коррупсия, СПИД, қашшоқӣ, масоили экологӣ, фурӯши ғайриқонунии одамон ва дигар масъалаҳо дохил мешаванд. Ҳарчанд ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри аз байн бурдани ин хатарҳо кӯшишҳо намуда истодааст, вале пурра аз байн бурдани онҳо ғайриимкон аст.

Ба замми ин таҳдидҳо дар ҷаҳон сол то сол афзоиш ёфта, амнияту оромии ҷаҳонро халалдор месозанд. Бинобар ин,  сокинони кишварро  зарур аст, ки аз имконияту шароити фароҳами имрӯза пурра истифода бурда, саҳми арзандаи хешро дар ҷомеаи навини тоҷик гузоранд. Қабл аз ҳама, зиракиву ҳушёрии сиёсиашонро аз даст надиҳанд ва пеш аз ҳар як корро пеша кардан бо таҳаммул андеша намоянд, зеро таҷрибаи бойи ниёгони мо нишон додааст, ки инсонҳои таҳаммулпазир ба ҳадафҳояшон мерасанд

Аз ин рӯ ба андешаи мо, яке аз роҳҳои асосии эмин нигоҳ доштани насли наврас аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ дар рӯҳияи худшиносӣ, худогоҳӣ ва ҳувияти баланди миллӣ тарбия намудану ба кору амалҳои нек ҷалб кардани онҳост.

Муллоаҳмадшоҳ ЧУРҒОСИЕВ,
 омӯзгори  Донишкадаи давлатии
фарҳанг ва санъати Тоҷикистон
ба номи Мирзо Турсунзода

Январь 12, 2019 12:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар панҷ соли оянда дар ҳама соҳаҳои иқтисоди миллӣ беш аз 1 миллиону 400 ҳазор ҷойи нави кор таъсис дода мешавад
Шуруъ аз 1 сентябри соли 2025 маоши вазифавии кормандони соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, тандурустӣ ва муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ зиёд карда мешавад
Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим дар ноҳияи Шаҳринав расонида шуданд
Ба кӯдакони ятиму бепарастори шаҳри Кӯлоб кумак ва туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон расонида шуданд
Ба тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои шаҳри Ҳисор туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Ба тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои ноҳияи Рӯдакӣ туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Ба тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявии ноҳияҳои Ёвон ва Ҷалолиддини Балхӣ туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим шуданд
Кумакҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Рӯшон расонида шуданд
Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявии кӯдакони ятими минтақаи Рашт расонида шуданд
Кумакҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаби махсуси ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе расонида шуданд
Дар назди Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1-шаҳри Хуҷанд бинои интенсивӣ бунёд мешавад
«ЗАН ВА ЗАМОН: 25 СОЛИ МУЗАФФАРИЯТ». Таҳти ин унвон ҳамоиши сиёсию фарҳангӣ доир гардид