«Истиқлол» ба бозиҳои интихобии Лигаи чемпионҳои Осиё тайёр мешавад

Январь 4, 2019 12:00

ДУШАНБЕ, 04.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Клуби футболи «Истиқлол»-и Душанбе, ки бори аввал дар таърихи худ дар бозиҳои интихобии Лигаи чемпионҳои Осиё ширкат меварзад, давраи сеюми омодагиро дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе  оғоз кард.  Аловиддин Бӯриев гузориш медиҳад.

Дастаи «Истиқлол» –чемпиони ҳафткаратаи Тоҷикистон марҳилаи омодагиро ҳанӯз аз 10 декабри соли 2018 оғоз карда, то 30 декабр идома дод ва ҳоло бори дигар малакаю маҳорати худро такмил медиҳад. Ҳаким Фузайлов, сармураббии нави «Истиқлол» мехоҳад дастаеро созмон диҳад, ки табъи дил ҳунарнамоӣ кунаду вазифаҳои дар наздаш гузошташударо иҷро намояд.

КФ «Истиқлол» барои ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё шомил шудан 12 феврал сараввал бо дастаи АГМК-и Ӯзбекистон дар як вохӯрӣ, ки дар Алмалики Ӯзбекистон барпо мегардад, қувва месанҷад.

«Истиқлол» нақша дорад, ки давраи охирини тайёриро 22 январ дар кишвари Туркия барпо намояд. Легионерҳое, ки ба ҳайати даста даъват мешаванд, маҳз дар Туркия аз санҷиш хоҳанд гузашт. Вақте, ки мо ба тамрингоҳи даста ҳозир шудем, чанд нафар бозингарон аз клубҳои хориҷи дуру наздик аз муоинаи мураббиён мегузаштанд. Аз ҷумла, Манучеҳр ва Алишер Ҷалилов, ки яке соли гузашта дар Индонезия ва дигаре дар Россия ҳунарнамоӣ мекарданд, дар ин қатор ҳузур доштанд. Аз рӯи гуфти сармураббии даста Ҳаким Фузайлов, дарҳои КФ «Истиқлол» барои ҳамаи бозингарони беҳтарине, ки мехоҳанд дар ҳайати он ҳунарнамоӣ кунанд, кушода аст.

Ҳарифи нахустини истиқлолиҳо дар бозиҳои интихобии Лигаи чемпионҳои Осиё -дастаи АГМК-и Ӯзбекистон соли гузашта дар Чемпионати кишвари ҳамсоя зинаи 8-умро ишғол кард ва аз ҳисоби ғолибият дар Ҷоми Ӯзбекистон ҳуқуқи дар бозиҳои плей-оффи Лигаи чемпионҳои Осиё иштирок карданро пайдо намуд. Ба даста  Мирҷалол Қосимов машқ медиҳад.

Дар сурати пирӯзӣ дар вохӯрӣ бо дастаи АГМК дастпарварони Ҳаким Фузайлов дар марҳилаи плей-оффи дуввум бо клуби «Аннаср»-и   Арабистони Саудӣ рақобат хоҳанд кард.

Январь 4, 2019 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд