Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз сокинони мамлакат хоҳиш менамояд, ки зимни ҳаракат бо роҳҳои кӯҳӣ қоидаҳоро пурра риоя намоянд

Январь 11, 2019 14:50

ДУШАНБЕ, 11.01.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Бар асари боришоти рӯзҳои охир дар километри  123-юми шоҳроҳи Хуҷанд – Душанбе садамаи нақлиётӣ ба амал омад.

Тавре сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Умеда Юсуфӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод,  ҳодисаи мазкур 10 январи соли равон   дар мавзеи Чоре Поймазори  шоҳроҳи Хуҷанд – Душанбе ба вуқӯъ омадааст. Сокини 27-солаи ноҳияи Муъминободи вилоят Хатлон, ки  аз Хуҷанд ба самти Душанбе ҳаракат мекард, аз уҳдаи идораи мошини  боркаши тамғаи “Mercedes-Benz”  набаромада,  ба дарёи  Фон сарозер шуд. Дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳии водии Зарафшон ҷасади ронандаи мошинро аз дарё берун бароварданд.

Ба гуфтаи У. Юсуфӣ, бо сабаби  боришоти шабонарӯзии охир ҳоло дар минтақаҳои кӯҳии кишвар хатари фаромадани тарма ва резиши санг баланд буда, эҳтимолияти рух додани садамаҳои нақлиётӣ низ меафзояд. Тибқи маълумот, дар натиҷаи  боришоти барфи зиёд ҳаракат дар роҳҳои мошингарди кӯҳӣ мушкил ва хатарнок  боқӣ мемонад.

«Ба ҳамаи  ин нигоҳ накарда,    тамоми шоҳроҳҳо кушода мебошанд ва  зери назорати хадамоти марбута қарор доранд. Аз ҷумла, дар мавзеъҳои  осебпазир барои таъмини  бехатарии ронандагон дар роҳҳо ва расонидани кумакҳои фаврӣ дар қитъаҳои гуногуни шоҳроҳҳо навбатдории шабонарӯзии гурӯҳҳои фаврии наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   то ҳол идома дорад», — гуфт Умеда Юсуфӣ.

Сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сокинони мамлкат хоҳиш намуд, ки    ҳангоми ҳаракат тариқи роҳҳои кӯҳӣ  тамоми қоидаҳои қабулшударо риоя намоянд. Пеш аз баромадан ба сафар бори дигар воситаҳои нақлиёти худро аз муоина гузаронанд.

Ҳоло ки   дар аксар минтақаҳои кишвар боридани барф ба мушоҳида мерасад, эҳтиёҷоти аҳолӣ барои гарм намудани хонаҳои истиқоматӣ  хеле зиёд мегардад. Бинобар ин барои пешгирии ҳолатҳои сӯхтор аз аҳолӣ хоҳиш карда мешавад, ки аз истифодаи воситаҳои гармидиҳии худсоз  худдорӣ кунанд ва пеш аз ҳама, кӯдакони худро  дар хона танҳо нагузоранд.

Бино ба иттилои сардори Маркази обуҳавосанҷии Агентии обуҳавошиносии  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамила Байдуллоева, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид шуда, то  12 январ боридани борон  пешгӯӣ мешавад. Дар  минтақаҳои водии вилояти Хатлон ва тобеи марказ шабона гузариши борон ба барфи тар дар назар аст.

«12 январ  боришот қатъ шуда, то 14 январ дар қисми зиёди минтақаҳои ҷумҳурӣ ҳавои бебориш дар назар аст. 15 январ дар қисми зиёди минтақаҳои ҷумҳурӣ  боришот дар назар буда, инчунин шиддат гирифтани он дар як қатор минтақаҳои кӯҳии ғарби вилояти Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи марказ пешгӯӣ мешавад. Дар ин давра ҳарорат тағйирёбанда буда, эҳтимол аст дар вилояти Суғд шабона ҳаво аз 3 дараҷа гарм то 2 дараҷа сард шавад. Рӯзона  ҳаво аз 4 то 9 дараҷа гарм мешавад. Дар қисматҳои кӯҳии вилояти Суғд шабона ҳаво аз 6 -11  то 11- 16 дараҷа сард мешавад. Рӯзона  аз 1 то 6 дараҷа сард мешавад».

Ба иттилои ҳамсуҳбати мо, дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда мешавад. Рӯзҳои наздик    ҳарорат шабона  ба 0-5 дараҷа расида, эҳтимолияти аз 0 то 5 дараҷа сард шудан дорад.  Рӯзона ҳаво аз 6  то 11 ва баъдан  то 10- 15 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳои вилояти Хатлон ҳаво шабона аз 0-5  то 5- 10 дараҷа сард шуда, рӯзона аз 1 то 6 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои  тобеи марказ    рӯзҳои наздик ҳаво аз 2 дараҷа гарм то 3 дараҷа сард шуда, эҳтимол аст баъдан то 6 дараҷа сард шавад.  Рӯзона ҳаво аз 5 то 10 дараҷа гарм мешавад.  Рӯзҳои  наздик дар қисматҳои кӯҳии тобеи марказ  ҳаво аз 5 то 10 ва баъдан эҳтимолияти то 15 дараҷа сард шудан дорад. Рӯзона аз 3 то 8 дараҷа сард мешавад.

Инчунин дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво  9-14  ва баъдан то 20 – 21 дараҷа сард мешавад.   Дар баландкӯҳҳои вилояти Бадахшон ҳаво аз 23 то 28 ва баъдан то 33-35 дараҷа сард шуда, дар  минтақаи Булӯнкул  ҳаво 36-38 ва эҳтимол то 40-45 дараҷа сард шавад.

«Дар шаҳри Душанбе аз 12 то 14 январ асосан ҳавои бебориш шуда, 15 январ боз ҳавои абрнок мешавад. Боридани  борон дар назар аст. Дар ин рӯзҳо ҳаво дар шаҳри Душанбе шабона аз 1 дараҷа гарм то 1 дараҷа сард ва баъдан то 1- 4 дараҷа сардӣ дар назар аст. Рӯзона  ҳаво аз 8 то 10 дараҷа гарм мешавад.

Рӯзҳои  наздик дар қисми зиёди минтақаҳои ҷумҳурӣ фаромадани туман дар назар буда, хавфи тармафароӣ дар ғарби вилояти  Бадахшон, қисматҳои қӯҳии тобеи марказ ва қаторкӯҳҳои ҷанубии Ҳисор- аз Ҳушёрӣ то Шаҳристон  пешгӯӣ карда мешавад»,-иброз дошт Ҷамила Байдуллоева.

Январь 11, 2019 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Форуми дуюми коршиносии «Осиёи Марказӣ – Русия: рӯзномаи рушди муштарак» ба кори худ оғоз намуд
СИРДАРЁ МУТТАҲИД МЕНАМОЯД. Дар Гулистон Форуми сеюми ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2025 баргузор мегардад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Ба 200 нафар занон — ғолибони лоиҳаҳои гранти президентӣ дар соли 2025 Диплом супорида шуд
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазорати маорифи Русия Ёддошти тафоҳум ба имзо расонд
Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсони Давлати Қатар ба имзо расид
Дар Хуҷанд доир ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон ҳамоиш баргузор гардид
Татяна Москалкова бо мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуд
Байни вазоратҳои тандурустии Тоҷикистон ва Русия Харитаи роҳ барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
Масъалаи табодули таҷрибаи табибони Тоҷикистону Русия баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми минтақавии роҳбарони сохторҳои ҳолатҳои фавқулода баргузор мегардад
IRS: Ҳаракат дар роҳи Душанбе-Чанок муваққатан маҳдуд карда шуд
Татбиқи лоиҳаи рушди таҳсилоти касбӣ дар ҳамкорӣ бо Бонки исломии рушд баррасӣ гардид