Маҳаллаи «Хуҷанд» ғолиби озмуни шаҳрии «Дастархонороӣ» гардид
ХУҶАНД, 26.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бонувони дастаи маҳаллаи «Хуҷанд»-и маркази Суғд бо нишон додани маҳорату малака доир ба зебову камхарҷ оростани дастархони идона бо соҳиб гардидани холҳои баланд ғолиби озмуни шаҳрии «Дастархонороӣ» шуданд. Ҳамчунин даста барои иштирок дар озмуни вилоятӣ, ки даҳаи аввали моҳи феврал сурат мегирад, соҳиби роҳхат гардид.
Бино ба иттилои хабарнигори АМИТ «Ховар» дар вилояти Суғд, озмуни мазкур тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр сурат гирифта, ҳадафи асосии он аз эҳё намудани фарҳанги рӯзгордорӣ, тарзи тайёр намудани таомҳои миллӣ, зебо ва камхарҷ оростани дастурхони идонаву тӯй иборат аст.
Даври ниҳоии озмуни шаҳрӣ дирӯз дар тарабхонаи «Анситу» бо иштироки намояндагони дастаҳо аз 22 маҳаллаи шаҳр баргузор гардид. Зимни он иштирокдорон ҳунари хешро дар оростани дастурхонҳои идона манзури ҳайати ҳакамон намуданд. Доварони озмун бештар ба сарфакоронаю моҳирона оростани дастархон, зебо, хушоянд, дилписанд будани он бо риояи анъанаҳои суннатӣ ва таомҳои миллӣ баҳогузорӣ намуда, маҳз камхарҷии онро ба инобат гирифтанд.
Дар ҷамъбаст бо гирифтани холҳои зиёд дастаи маҳаллаи «Хуҷанд» мақоми аввал, маҳаллаи «Суғдиён» ҷойи дуюм ва маҳаллаи «Тути калон» ҷои сеюмро соҳиб шуданд.
Дар интиҳо ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмун бо диплому ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд.








Таърихи фарҳанги мусиқии тоҷикро аз деворнигораҳои асрҳои VI–VIII метавон мушоҳида кард
Маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Ганҷинаи таърих ва фарҳанги тоҷикон» баргузор мегардад
Дар Душанбе мавсими 17-уми Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон оғоз гардид
Ба ифтихори 145-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум конференсияи байналмилалӣ баргузор мешавад
«Борбади Марвазӣ — нобиғаи нотакрори мусиқии Шарқ», — бардошт аз конфронси байналмилалӣ дар Душанбе
Дилрабо Мансурӣ: «Муаррифии мероси Борбади Марвазӣ ба ғанигардонии фарҳанги башарӣ мусоидат мекунад»
Шоҳрух Аҳкомӣ: «Талошҳои Президенти Тоҷикистон воқеан арзандаи қадрдонӣ ва сипосгузорӣ мебошанд»
Конфронси байналмилалии «Саҳми таърихии Борбади Марвазӣ дар рушди мусиқии анъанавии Шарқ» оғоз шуд
Оид ба сиёсати давлатӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар шароити рақамикунонӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Адиби тоҷик Сипеҳр Ҳасанзод дар Тошканд ба узвият ва ҳайати Иттифоқи ҷаҳонии ходимони эҷодиёти халқ пазируфта шуд
Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ доир ба саҳми таърихии Борбади Марвазӣ мегардад






