МАЛИКАИ САРАЗМ. Боқимондаҳои ҷасади ӯ дар маркази маҷмааи қабристони маҳаллаи қадимтарин дарёфт гардиданд
ДУШАНБЕ, 22.01.2019. /АМИТ «Ховар»/. Боқимондаҳои ҷасади Маликаи Саразм дар маркази маҷмааи қабристони маҳаллаи қадимтарини Саразм, ҳанӯз соли 1985 дарёфт гардида буданд, ҳарчанд дар ин бора одамон кам маълумот доранд. Вобаста ба ин ходими калони илмии шуъбаи бостоншиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши АИ ҶТ, номзади илмҳои таърих Фарҳод Раззоқов дар мақолаи худ таҳти унвони «Доир ба масъалаи дафни Маликаи Саразм», ки дар маҷаллаи «Муаррих» нашр шудааст, навиштааст.
Тавре муаллиф зикр менамояд, қабристон аз панҷ қабри алоҳида – се қабри танҳо, як қабри ҷуфт ва ҷои дафнии Маликаи Саразм, ки дар он илова бар ҷавонзан ҳамчунин як наврас ва як мард дафн гардидаанд, иборат буд. «То ҳанӯз ҳам ҷои дафн ва ҳам тамоми маҷмаа ба таври дақиқ муайян карда нашудаанд», — менависад олим. Ӯ инро бо набудани монандии мутаносиб, ки ба андешааш, онро метавон дар давраҳои баъдтар ҷуст, рабт медиҳад.
Бо вуҷуди ин, чунин дарёфтҳо дар таҳқиқоти Саразм — нахустин ёдгории мероси ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон хеле муҳиманд.
Ин шаҳраки қадимии Тоҷикистон (IV — II ҳазорсола п.а.м) дар километри 15-уми шарқи маркази маъмурии шаҳри Панҷакент дар соҳили чапи дарёи Зарафшон ҷойгир аст. Қасрҳо, иморатҳои динӣ, ҷамъиятӣ ва истиқоматӣ арзишҳои бузурги таърихӣ ва фарҳангӣ доранд. Соли 2010 шаҳраки мазкур ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид шуда, аввалин иншооти Тоҷикистон дар он гардид.
Тавре қаблан хабар дода будем, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии мамлакат зикр карданд, ки соли 2021 дар Тоҷикистон ҷашни 5500-солагии шаҳраки қадимаи Саразм баргузор мегардад.
Саид АЛӢ,
АМИТ «Ховар»
ДАР АКС: Азадохт Шаҳбону (Azadokht Shahbanu, соли 241-и б.а.м) – малика, ҳамсари Шопури I (шоҳаншоҳи дуюми империяи Сосониён), ки бар муқобили румиён ҷангҳои тӯлонӣ бурда, ҳатто императори Рум Валерианро асир гирифтааст, мебошад. Соли 260 ӯ шаҳри Гондишопур ё Гунди-Шопур (Jondi Shahpur ё Gundeshapur)-ро таъсис дод, ки он дуюмин шаҳри бузурги империяи Сосониён ва маркази зеҳнии он гардид. Дар ин кор ба ӯ ҳамсараш кумак карда буд. Азадохт дар ин шаҳр китобхонаи бузург сохт, ки баъдан дар асоси он аввалин донишгоҳ дар Форс ва маркази тиббӣ, ки ба он беморхона, мактаби тиббӣ, озмоишгоҳи фармакологӣ, маркази тарҷумаи матнҳои тиббӣ, китобхона ва расадхона шомил мебошанд, ташкил карда шуданд. Малика Азадохт ҷанговар набуд, вале шамшерро хеле хуб идора мекард.








Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад






