МАРКАЗИ МАТБУОТИ ВКД ҶТ ХАБАР МЕДИҲАД
ДУШАНБЕ, 22.01.2019./АМИТ «Ховар». Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки соати 11:40 дақиқаи рўзи 22 январи соли ҷорӣ дар корхонаи ҶДММ «Манфиат», воқеъ дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд, ки ба коркарди маҳсулоти нафтӣ машғул аст, дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои бехатарии маводи зуддаргиранда сўхтор ба амал омада, таркиш ба вуқўъ пайваст.
Дар натиҷаи ин ҳодиса корманди ҳамин корхона Пулодов Фирдавс Шарифович, соли таваллудаш 1992, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Гулистони вилояти Суғд ҳалок гардид. Ду нафар корманди дигари корхона Олимҷонов Комилҷон Аъзамҷонович, соли таваллудаш 1992, зода ва истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Б. Ғафуров ва шаҳрванди Ҷумҳурии Халқии Хитой Жо Су Син ҷароҳат бардошта, дар беморхонаи шаҳри Гулистон бистарӣ карда шуданд. Ҳолати саломатии онҳо муътадил аст.
Ҳодисаи мазкур аз ҷониби прокуратураи шаҳри Гулистон мавриди таҳқиқ қарор дорад.








Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ба муносибати Рӯзи қушунҳои дохилӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Нақшаи даъвати баҳорӣ дар шаҳри Панҷакент пурра иҷро гардид
Душанбе мизбони вохӯрии сеюми котибони Шурои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ мегардад
33-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти ин ниҳод ба ҳифзи манфиатҳои давлат равона гардидааст
Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад






