Нахустин хонаҳои истиқоматии шаҳри Душанбе ба гази табиӣ пайваст карда шуданд

Январь 18, 2019 14:14

ДУШАНБЕ, 18.01.2019. /АМИТ «Ховар»/. Аввалин гурӯҳи сокинони шаҳри Душанбе пас аз танаффуси ҳафтсола дар хонаҳои худ ба гази табиии мамлакати ба мо дӯст – Ӯзбекистон дастрасӣ пайдо намуданд. Яъне аз оғози моҳи равон зиёда аз 20 хонаи истиқоматии қисмати шимолу шарқии пойтахт ба қубурҳои газӣ пайваст карда шуданд. Дар ин бора муовини аввали Директори генералии ҶСК «Тоҷиктрансгаз» Шавкат ШОИМОВ ба хабарнигори  АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

«Ин моҳ  гази табиии Ӯзбекистон ба хонаҳое, ки ба қубурҳои асосӣ наздиканд ва хароҷоти зиёдатӣ талаб намекунанд, интиқол дода шуд. Зиёда аз 20 хонаи истиқоматии қисмати шимолу шарқии пойтахт, ки асосан дар кӯчаи Мирзо Турсунзода воқеанд, ба он пайваст карда шуданд. Ин хонаҳо қаблан барои истифода бурдани гази табиӣ омода гардида, ҳамакнун ба таври таҷрибавӣ аз он истифода мебаранд», — илова намуд Шавкат Шоимов.

Ба иттилои директори Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Душанбегаз» Ҷамолиддин Абдураҳимов, шурӯъ аз оғози сол дар маҷмӯъ 17 хонаи шаҳрвандон, ки дар масофаи 50 метр аз қубури асосӣ ҷойгиранд, ба гази табиии Ӯзбекистон пайваст карда шуданд.

«Айни замон инфрасохтори хонаҳои дигар, ки дар ин масофа ҷойгиранд, мавриди омӯзиш қарор дошта, вобаста ба он корҳо идома доранд. Инчунин имконияти пайваст намудани онҳо ба гази табиӣ мавриди омӯзиш қарор дорад», — илова намуд ҳамсуҳбати мо.

Ба иттилои манбаъ, аксарияти корхонаҳои саноатии мамлакат аллакай аз гази табиии Ӯзбекистон истифода бурда истодаанд.

Ёдовар мешавем, ки айни ҳол  истифодабарандагон ба ҳар як метри мукааби гази табиӣ 1,7 сомонӣ пардохт менамоянд, ки нисбат ба нуктаҳои фурӯши газ хеле арзон мебошад.

Январь 18, 2019 14:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад