ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст

Январь 23, 2019 08:18

ДУШАНБЕ, 23.01.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш  дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда, дар баъзе ҷойҳо боридани барфи кӯтоҳмуддат  дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 10-15  ва рӯзона 3-8 дараҷа сард мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона  17-22 ва рӯзона 8-13  дараҷа сард мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ  3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона -3+2  ва рӯзона 4-9 дараҷа гарм мешавад. Дар кӯҳҳо ҳаво шабона 13-18, инчунин то 22-24  ва рӯзона 2-7 дараҷа сард мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои бебориш дар назар буда, туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона -3+2 ва рӯзона 6-11 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво  шабона 6-11 дараҷа сард шуда, ҳарорат рӯзона ба  -3+2 дараҷа мерасад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда шуда, туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 дараҷа сард  ва рӯзона 3-8 дараҷа гарм мешавад. Дар кӯҳҳо шабона 8-13, инчунин то 15-17 ва рӯзона 0-5 дараҷа сард мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво шабона 3-5 дараҷа сард  ва рӯзона 5-7 дараҷа гарм мешавад.

Январь 23, 2019 08:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад