ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон боридани борон ва барф дар назар аст

Январь 5, 2019 09:27

ДУШАНБЕ, 05.01.2019./АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз  дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок  шуда, боридани борон  ва барф    дар назар аст.  Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда  шуда, боридани  барф  дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 2-7   ва   рӯзона -2+3 дараҷа сард мешавад.   Дар  шарқи вилоят  ҳарорат шабона 14-19  ва рӯзона 3-8  дараҷа сард  мешавад.

Дар вилояти Суғд  низ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, боридани борон ва барф дар назар аст. Шамол  аз самти ғарб 4-9  метр  дар як сония мевазад.  Ҳаво дар водиҳо шабона ва рӯзона  0-5  дараҷа гарм шуда, дар кӯҳҳо шабона 2-7 ва рӯзона -3+2 дараҷа  сард мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои абрнок шуда, боридани борон ва дар баъзе  ноҳияҳо шиддатёбии он дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона ва рӯзона   1-6  дараҷа гарм шуда, дар доманакӯҳҳо  ҳарорат ба  -1+4 дараҷа мерасад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, боридани борон ва барф дар назар аст.   Ҳаво дар водиҳо шабона ва рӯзона     1-6 дараҷа гарм мешавад. Дар баландкӯҳҳо ҳарорат шабона -4+1, инчунин то 10 ва рӯзона 1-4 дараҷа сард мешавад.

Дар шаҳри Душанбе низ ҳавои абрнок шуда,  боридани борон ва гузариш ба барф дар назар аст.    Ҳаво   шабона 1-3  ва рӯзона 3-5 дараҷа гарм мешавад.

Январь 5, 2019 09:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд