ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон борон ва барф меборад
ДУШАНБЕ, 30.01.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок шуда, боридани борон ва барф дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда, боридани барф дар назар аст. Дар баъзе ҳолатҳо барфи шиддатнок меборад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 6-11, инчунин то 14-16 ва рӯзона 3-8 дараҷа сард мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 20-25, ҳамчунин то 30-35 ва рӯзона 12-17 дараҷа сард мегардад.
Дар вилояти Суғд боридани борон дар назар аст. Дар минтақаҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳҳо борон ва барф меборад. Шамол аз самти шарқ 3-8 ва дар баъзе минтақаҳо то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3-8 ва рӯзона 4-9 дараҷа гарм шуда, дар кӯҳҳо шабона 3-8 дараҷа сардӣ дар назар аст.
Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок шуда, боридани борони шиддатнок дар назар аст. Дар доманакӯҳҳо борон ва барф меборад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4-9 ва рӯзона 6-11 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳарорат шабона ба -1+4 дараҷа расида, рӯзона 2-7 дараҷа гармӣ дар назар аст.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ борон меборад. Дар минтақаҳои кӯҳӣ боридани барф, дар баъзе ҳолатҳо барфи шиддатнок дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 3-8 ва рӯзона 4-9 дараҷа гарм мешавад. Дар кӯҳҳо ҳаво шабона аз 1-6 то 9-11 дараҷа сард шуда, ҳарорат рӯзона ба -4+1 дараҷа мерасад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок шуда, борон меборад. Ҳаво шабона 4-6 ва рӯзона 6-8 дараҷа гарм мешавад.








Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






