Ғолибони озмуни «Ватанро бишнос!» соҳиби ҷоизаю туҳфаҳо гардиданд

Январь 3, 2019 16:10

ДУШАНБЕ, 3.01.2019/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе  бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шабакаи «Телевизиони Тоҷикистон» таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии телевизионии «Ватанро бишнос!»  ҷамбаст гардид. Озмуни «Ватанро бишнос!» аз аввали соли 2018 бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ тавассути Телевизиони Тоҷикистон аз рӯи бахшҳои «Акси беҳтарин», «Навори беҳтарин»  ва «Бозёфти муаллиф» гузаронида шуд.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» Марзия Саидзода иттилоъ медиҳад, ки дар маросими ҷоизасупории озмун   Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода ва муовини аввали директори Телевизиони Тоҷикистон Умед Назарзода  сухан гуфтанд.

Зикр шуд, ки озмуни ҷумҳуриявии «Ватанро бишнос!» бо мақсади мусоидат ба рушди сайёҳӣ, муаррифии имкониятҳои сайёҳии кишвар, хусусан мавзеъҳои зебоманзари Тоҷикистон, кӯҳҳои сарбафалаккашида, рӯду чашмаҳои мусаффо, олами бои набототу  ҳайвонот ва ёдгориҳои таърихию фарҳангии  мамлакат дар доираи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ гузаронида шуд.

Нуъмон Абдуғаффорзода иброз дошт, ки  бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  аз ҷониби Кумита озмунҳои  намоиши беҳтарини сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, акси беҳтарин, нақшаи беҳтарини тиҷоратӣ, мақолаи беҳтарин ва рӯнамоии беҳтарин  ҷамъбаст гардиданд. Ҳамчунин то охири моҳи январи соли равон озмунҳо дар самти  армуғони беҳтарин барои сайёҳон ва байни ширкатҳои сайёҳӣ, роҳбалади беҳтарин,  беҳтарин меҳмонхонаҳо, беҳтарин осоишгоҳҳо ва ғайра баҳри баланд бардоштани сифати хизматрасонии соҳа ҷамъбаст мегарданд.

Дар озмуни ҷумҳуриявии телевизионии «Ватанро бишнос!» аз рӯи бахши «Акси беҳтарин»  ҷойи якум ба  Каюмарси Маҳмадраҳим дода шуда, зинаҳои  дуюм ва сеюм насиби Ҳасан Юсуф ва Фирӯз Амонзода гардиданд. Дар бахши «Навори беҳтарин» Баҳодур Турсунов ҷои аввал ва зинаҳои дуюму сеюмро  Афзалшоҳ Баҳодуров ва Садриддин Юсуфов сазовор гардиданд.

Дар бахши  «Бозёфти муаллиф» ҷойи якум насиби  Наҷибулло Ҷобиров, ҷойҳои  дуюму сеюм ба Шаҳёд Анварзода ва  Кароматулло Саидов дода шуданд.

Шоҳҷоизаи озмуни «Ватанро бишнос!»-ро Каёчеҳри Абдусалом сазовор гардид, ки он  дорои роҳхат барои саёҳат бо барандагони барномаи «Сайёҳ»-и Телевизони Тоҷикистон барои сайри гӯшаву канори Тоҷикистон мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм бо диплом ва туҳфаҳои Кумитаи рушди сайёҳӣ, аз қабили планшет,  планшети хурд, маркази мусиқӣ ва дигар ҷоизаҳо сарфароз гардонида шуданд. Иштирокчиёни озмун бо ҳисси баланди ватандӯстӣ манзараҳои зебою нотакрори  Тоҷикистонро дар навору аксҳо инъикос намудаанд. Ташкилу баргузории чунин озмунҳо ба  тарғибу ташвиқи захираву имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ҳамчун кишвари сайёҳӣ ва ҷалби сайёҳон ба Тоҷикистон  мусоидат менамояд.

Ин дар ҳолест, ки 2 январи соли равон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  солҳои 2019-2021 дар мамлакат «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардид.

Январь 3, 2019 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

САЙЁҲИИ МОҲИДОРӢ. Тоҷикистон бо захираҳои обӣ барои рушди сайёҳии моҳидорӣ имконияти зиёд дорад
Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ба Тоҷикистон 1 миллиону 784 ҳазор сайёҳ ворид гардид
Рушди ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Британияи Кабир баррасӣ гардид
Ҷадвали «Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2026» ба тасвиб расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба радифи донишгоҳҳои беҳтарини ҷаҳон дохил гардид
Таҳкими ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ТИКА баррасӣ карда шуд
Соли 2025 табиати афсонавӣ ва чашмаҳои шифобахши Бадахшонро беш аз 51 ҳазор сайёҳ тамошо намуданд
Дар намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
АЗ НАВОВАРӢ ТО РУШДИ УСТУВОР. Мавқеи Душанбе ҳамчун маркази сайёҳӣ дар минтақа тақвият меёбад
BEST IN TRAVEL 2026. Тоҷикистон ба феҳристи «25 таҷрибаи беҳтарини сайёҳӣ дар соли 2026» ворид гардид