«Паём – дастур ва роҳнамои ояндасоз» — таҳти чунин унвон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласа доир гардид
ДУШАНБЕ, 12.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади омӯзиш ва натиҷагирӣ аз нуктаҳои муҳими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 26 декабри соли 2018 ироа гардида буд, 11 январ миёни кормандони Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон» таҳти унвони «Паём – дастур ва роҳнамои ояндасоз» ҷаласаи васеъ баргузор шуд.
Тавре сардори шуъбаи илмӣ-методии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Алишер Зарипов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, дар ҷаласа директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Абдувалӣ Шарифзода иброз намуд, ки Паёми Пешвои миллат ҳамчун роҳнамо ва дастури амиқу дақиқ барои фаъолияти ҳар як шаҳрванди кишвар баҳри ободонӣ, рушду пешрафт ва шукуфоии ҷумҳурии азизамон нақши муҳим мебозад.
Ҳамчунин дар ҷаласа сардорони шуъбаҳо ва дигар ходимони илмии Осорхона андешаву бардоштҳои хешро аз Паём иброз дошта, таъкид намуданд, ки баҳри амалӣ намудани бандҳои асосии Паёми Сарвари давлат тамоми саъю кӯшиши худро ба харҷ медиҳанд.
Дар ҷаласа директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Абдувалӣ Шарифзода бахшида ба эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба муовинон ва сардорони шуъбаҳо баҳри ташкил ва баргузор намудани намоишҳои муваққатӣ аз фонди Осорхона, ташвиқу тарғиби мероси таърихию фарҳангӣ, ҷалби ҳарчи бештари ҷавонону наврасон ба тамошои осорхона ва ба ин васила бедор намудани ҳисси баланди худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ дар замири ҷавонон, инчунин дар самти таҳияи нақшаҳои чорабиниҳо супоришҳои мушаххас дод.
Дар охир аҳли кормандони Осорхона филми ҳуҷҷатии «Марди роҳ»-ро, ки ба ҳаёт ва фаъолияти ибратбахши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудааст, якҷоя тамошо намуданд.








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






