«Паём – дастур ва роҳнамои ояндасоз» — таҳти чунин унвон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласа доир гардид

Январь 12, 2019 10:17

ДУШАНБЕ, 12.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади омӯзиш ва натиҷагирӣ аз нуктаҳои муҳими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 26 декабри соли 2018 ироа гардида буд, 11 январ миёни кормандони Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон» таҳти унвони «Паём – дастур ва роҳнамои ояндасоз» ҷаласаи васеъ баргузор шуд.

Тавре сардори шуъбаи илмӣ-методии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Алишер Зарипов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, дар ҷаласа директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Абдувалӣ Шарифзода иброз намуд, ки Паёми Пешвои миллат ҳамчун роҳнамо ва дастури амиқу дақиқ барои фаъолияти ҳар як шаҳрванди кишвар баҳри ободонӣ, рушду пешрафт ва шукуфоии ҷумҳурии азизамон нақши муҳим мебозад.

Ҳамчунин дар ҷаласа сардорони шуъбаҳо ва дигар ходимони илмии Осорхона андешаву бардоштҳои хешро аз Паём иброз дошта,  таъкид намуданд, ки баҳри амалӣ намудани бандҳои асосии Паёми Сарвари давлат тамоми саъю кӯшиши худро ба харҷ медиҳанд.

Дар ҷаласа директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон  Абдувалӣ Шарифзода бахшида ба эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба муовинон ва сардорони шуъбаҳо баҳри ташкил ва баргузор намудани намоишҳои муваққатӣ аз фонди Осорхона, ташвиқу тарғиби мероси таърихию фарҳангӣ, ҷалби ҳарчи бештари ҷавонону наврасон ба тамошои осорхона ва ба ин васила бедор намудани ҳисси баланди худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ дар замири ҷавонон, инчунин дар самти таҳияи нақшаҳои чорабиниҳо супоришҳои мушаххас дод.

Дар охир аҳли кормандони Осорхона филми ҳуҷҷатии «Марди роҳ»-ро, ки ба ҳаёт ва фаъолияти ибратбахши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бахшида шудааст, якҷоя тамошо намуданд.

Январь 12, 2019 10:17

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн