Паёми Пешвои миллат-оинаи пешрафту шукуфоии Тоҷикистон
РӮДАКӢ, 11.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамоати деҳоти Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ бо иштироки раиси ноҳия Рустам Акрамзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Суфиев ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия мулоқот доир гардида, ба сокинони ҷамоат муҳтавои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расонида шуд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини раиси Ҷамоати деҳоти Сарикиштӣ Давлатбӣ Нурматова хабар дод.
Тибқи иттилои манбаъ, дар вохӯрӣ меҳмонон роҷеъ ба нуктаҳои муҳими Паёми навбатӣ сухан гуфта, таъкид доштанд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии мамлакат бо диди хеле амиқ ва ҳаматарафа санҷидашуда вазъи мавҷудаи ҳаёти ҷомеа ва пешбинии самти инкишофи онро барои солҳои минбаъдаи ҷумҳурӣ муайян намудаанд. Ҳамчунин дарки муносиби муҳтавои Паём ҳар як сокини кишварамонро ба он умедвор менамояд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста ба вазъи мураккаби сиёсию иқтисодии ҷаҳони муосир сол ба сол таваҷҷуҳи худро ба беҳбуд бахшидани зиндагии мардум зиёдтар намуда, кафолати ҳаёти осоиштаю сулҳомезро истеҳком мебахшад. Муқоисаи рақамҳои оморие, ки дар Паём барои нишон додани суръати рушди иқтисодии ватанамон оварда шудаанд, дар замири ҳар фарди ин диёр ҳисси баланди ифтихору масъулиятшиносиро ҷой медиҳад.
Сарнотариуси давлатии ноҳияи Рӯдакӣ Музаффар Хингов мегӯяд, ки «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омили муҳими таъсирбахши рушди ҷомеа ва рӯйдоди сарнавиштсози ватани азизамон ба ҳисоб меравад. Он дар назди сокинони кишвар вазифаҳои умдаи ҳалталаб мегузорад, ки иҷрои онҳо рушду тавсеаи кишвари моро дар соли равон ва ояндаи наздик таъмин менамоянд. Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инъикосгари воқеии пешрафту шукуфоии Тоҷикистон ва барномаи мукаммали идомаи корҳои созандагиву бунёдкорӣ барои таъмини зиндагии шоистаи сокинони мамлакат мебошад».








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






