Паёми Пешвои миллат-оинаи пешрафту шукуфоии Тоҷикистон

Январь 11, 2019 14:48

РӮДАКӢ, 11.01.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Дар Ҷамоати деҳоти Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ бо иштироки раиси ноҳия Рустам Акрамзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Хайрулло Суфиев ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия мулоқот доир гардида, ба сокинони ҷамоат муҳтавои Паёми навбатии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расонида шуд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини раиси  Ҷамоати деҳоти Сарикиштӣ Давлатбӣ Нурматова хабар дод.

Тибқи иттилои манбаъ, дар вохӯрӣ меҳмонон роҷеъ ба нуктаҳои муҳими Паёми навбатӣ сухан гуфта, таъкид доштанд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии мамлакат бо диди хеле амиқ ва ҳаматарафа санҷидашуда вазъи мавҷудаи ҳаёти ҷомеа ва пешбинии самти инкишофи онро барои солҳои минбаъдаи ҷумҳурӣ муайян намудаанд. Ҳамчунин дарки муносиби муҳтавои Паём ҳар як сокини кишварамонро ба он умедвор менамояд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста ба вазъи мураккаби сиёсию иқтисодии ҷаҳони муосир сол ба сол таваҷҷуҳи худро ба беҳбуд бахшидани зиндагии мардум зиёдтар намуда, кафолати ҳаёти осоиштаю сулҳомезро истеҳком мебахшад. Муқоисаи рақамҳои оморие, ки дар Паём барои нишон додани суръати рушди иқтисодии ватанамон оварда шудаанд, дар замири ҳар фарди ин диёр ҳисси баланди ифтихору масъулиятшиносиро ҷой медиҳад.

Сарнотариуси давлатии ноҳияи Рӯдакӣ Музаффар Хингов мегӯяд, ки «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омили муҳими таъсирбахши  рушди ҷомеа ва рӯйдоди сарнавиштсози ватани азизамон ба ҳисоб меравад. Он дар назди  сокинони кишвар вазифаҳои умдаи ҳалталаб мегузорад, ки иҷрои онҳо рушду тавсеаи кишвари моро дар соли равон ва ояндаи наздик таъмин менамоянд. Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инъикосгари воқеии пешрафту шукуфоии Тоҷикистон ва барномаи мукаммали идомаи корҳои созандагиву бунёдкорӣ барои  таъмини зиндагии шоистаи сокинони мамлакат мебошад».

Январь 11, 2019 14:48

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн