«САДБАРГИ ЗАРРИН». Бахтиёри Муртазо китоби Константин Паустовскийро ба тоҷикӣ тарҷума кард

Январь 30, 2019 15:10

ДУШАНБЕ, 30.01.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Ба наздикӣ маҷаллаи  «Садои Шарқ»  повести  «Садбарги заррин»-и Константин Паустовскийро дар тарҷумаи нависанда Бахтиёри Муртазо ба нашр расонид. Ин асар барои ҳамаи эҷодкорон, ҳамаи онҳое, ки забони модариашон, табиат, Ватан ва одамонро дӯст медоранд, басо омӯзанда аст.  Он на танҳо барои навқаламон, балки ҳатто адибони баркамол ҳам мактаби хуб аст.

Боре устод Гулназар дар як суҳбат бо ман чунин гуфта буданд:

«Вақтҳои охир бехобӣ мекашам, шояд бар асари синну сол бошад. Як маротиба, чун хоб парид, аз рӯи одати дерин даст ба ҷевони китобҳои паҳлӯи рахти хоб бурда, таваккалан якеашро гирифта, ба хондан даромадам. Вай он қадар маро ба худ кашид, ки дамидани субҳро нафаҳмида мондам. Китобе, ки ман аз он сар бардошта наметавонистам, «Садбарги заррин»-и Константин Георгиевич Паустовский дар тарҷумаи дӯстам Бахтиёри Муртазо буд, ки як замон бо ӯ дар рӯзномаи ҷавонон кор мекардем. Чӣ ҷои гап, «Садбарги заррин» — шоҳкорист, китоб барои ҳамаи давру замонҳост. Вале ман ҳамзамон  мафтуни забони мутарҷим шудам, зеро тарҷума  чунон моҳирона амалӣ гардидааст, ки аз дили ман борҳо гузашт, ки Паустовский ин китобро бо забони тоҷикӣ навистааст. «Садбарги заррин» бо забони ҳайратовар пурғановату услуби олиҷаноб иншо шудааст. Он дар бораи маҳорати нависандагӣ ва асрори эҷодиёт аст. Нигоҳи ғайриодӣ ба офариниши асар ва ҷараёни эҷод- ин аст хулосаи мухтасари муҳтавои китоби мазкури  нависандаи барҷастаи рус, ки роману повесту ҳикояҳояш осори классикии адабиёти асри XX маҳсуб мешаванд. Худи муаллифро таҷассуми одамгарӣ ва ҷавонмардии адибона, виҷдони замон мешумурданд».

Ёд дорам, вақте ман ба суханони самимии устод Гулназар гӯш медодам, як гуфтаи Темур  Зулфиқоров ба хотирам  расид: «Тарҷумон айнан ба мисли донор аст, ки хуни худашро ба дигарон мегузаронад.

Ба шарофати тарҷумаи Бахтиёри Муртазо номи нависандаи барҷастаи  рус дар Тоҷикистон ҳам шӯҳрати бештар ёфт.  Дар «Садбарги заррин» чунин суханонро мехонем: «Бузургтарин неъмат, ки ба мо аз даврони бачагӣ мемонад, дарки шоиронаи ҳаёт аст. Инсоне, ки ин неъматро маҳфуз медорад, ё шоир мешавад ё нависанда».

Тарҷума яке аз шаклҳои фаъоли робитаҳои адабист, воситаи муҳимтарини инсонӣ кардани адабиётҳост, заминан пайдоиши иттиҳоди адабист бо номи «Дӯстии халқҳо-дӯстии  адабиётҳо».

Тарҷумаи бадеӣ дар ҳар кишвар бахши таркибии ҷараёни адабиро ташкил медиҳад ва бо дарназардошти сифат дар радифи асарҳои нависандагони худӣ пазируфта мешавад.

Дар Тоҷикистон ҳам тарҷума анъанаҳои пурқимати дерина дорад. Ба ин тарҷумаҳои  олиҷаноби шоҳасарҳои классикони адабиёти ҷаҳонӣ ва муосир, ки солҳои гуногун аз ҷониби Абулқосим Лоҳутӣ, Сотим Улуғзода, Мирзо Турсунзода, Раҳим  Ҳошим, Ҳасан Ирфон, Ҳабиб Аҳрорӣ, Муҳиддин Аминзода, Мӯъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Низом Қосим, Эммануил Муллоқандов, Абдулло Зокир ва дигарон мисол шуда метавонанд.

Нависанда ва рӯзноманигор Бахтиёри Муртазо низ аз зумраи тарҷумонҳои касбист. Зимнан, ӯ якҷо бо Тойтӯра Ботирқулови қирғиз повести «Роҳи каҳкашон»-и Чингиз Айтматовро, ки бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта 90- солагиаш дар Тоҷикистон ҳам васеъ таҷлил гардид, аз забони асл тарҷума кардааст. Ҳаминро ҳам бояд гуфт, ки ҳанӯз чанд сол муқаддам бо ибтикор ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ бо мақсади тағйири осори адибони кишвар ва муаррифии намунаҳои беҳтарини адабиёти ҷаҳонӣ Маркази тарҷума таъсис ёфта буд.

Мансур СУРУШ,
шореҳи адабии АМИТ «Ховар»

Маълумотномаи АМИТ «Ховар»:

Бахтиёр Муртазо (Бахтиёр Қосимзода Муртазо), адиб ва рӯзноманигори шинохта 23 майи соли 1940 дар рустои Ёбузи ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон дар хонаводаи зиёӣ дида ба олам кушодааст.

Гузаштагонашро аҳли илму фарҳанг ва донандагони хуби улуми исломӣ медонад. Бино ба гуфтаи ӯ, бобои модариаш Мулло Хоҷа таҳсилкардаи мадрасаи Бухоро ва бобои падариаш Сайид Муртазо хатмкардаи мадрасаи шаҳри Тошқӯрғони Афғонистон буданд. Соли 1937 тири хуношоми “тройка” хонадони онҳоро низ ба нишон гирифт ва ба ҷурми аҳли илм будан Сайид Муртазо қурбонии солҳои бедод шуд.

Падараш аз ҷумлаи омӯзгорони варзида маҳсуб мешавад, муддате муаллим, баъдан мудири мактаби деҳа ва мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Қубодиён буд. Муҳити хонаводагӣ барояш имкон фароҳам овард, ки бештар аз дигар ҳамсолонаш китоб хонад, чун хонаи падарӣ пур аз китоб буд ва ҳамзамон бо ташвиқи қиблагоҳӣ кутуби зиёдеро аз китобхонаи мактабу идораи ҷамоат пайдо мекард ва мутолиа менамуд. Дар суҳбате дилбастагӣ ба мутолиаро як сабаби рӯ оварданаш ба кори эҷодӣ донистааст.

Пас аз хатми факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин даст ба кори рӯзноманигорӣ задааст. Нависандаи маъруф ва публистисти шинохта марҳум Мутеулло Наҷмиддиновро устоди худ медонад ва мегӯяд дар коргоҳи эҷодиаш, ки аз як хонаи якҳуҷраӣ иборат аст, расми бузурги ин устоди насрро нигоҳ медорад. Аз ӯ хеле омӯхтааст ва Наҷмиддинов хеле аз навиштаҳои аввали ӯро қалам задаву бо маслиҳату машварат ӯро ба шоҳроҳи нависандагӣ равона сохтааст.

Тӯли фаъолияти корӣ дар вазифаҳои сармуҳаррири рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон», муҳаррири шуъбаи ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат», муҳаррири шуъбаи публистистикаи маҷаллаи «Садои Шарқ», ҷонишини сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум», сармуҳаррири нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Минбари халқ» кор кардааст.

Муддати чор сол (солҳои1969-1973) дар Афғонистон ба ҳайси тарҷумон ва чор соли дигар (1979-1982) чун афсар афсар хизмат кардааст.

Айни замон раиси Шӯрои очерку публитсистикаи Иттифоқи нависандагон ва хабарнигори махсуси рӯзномаи «Минбари халқ» дар сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» аст.

Муаллифи маҷмӯаҳои қиссаву очерку ҳикояҳои «Боғбони гули кӯҳӣ», «Қасидаи бародарӣ», «Ҷонбохтаи Роҳатӣ», «Чинор дар Солони», «Ҷӯи Навдиз», «Эҳёи Бешканд», «Чашмаи Офтоб», «Ман чароғ афрӯхтам», «Нақби Истиқлол», «Нӯҳ чинори Балҷувону Баҳманрӯд», «Ҷавпазак» ва ғайра  мебошад.

Барои қиссаи «Нақби Истиқлол» сазовори Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ гардидааст.

Соли 2008 барои қиссаи ҳуҷҷатии “Ман чароғ афрӯхтам” сазовори Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ шуд.

Иддае аз асарҳояш ба забонҳои русӣ, қазоқӣ, ӯзбекӣ, озарӣ, литвонӣ, эстонӣ тарҷума ва нашр шудаанд.

Бахтиёр Муртазоев бар замми он ки рӯзноманигор, публистист ва нависандаи хуб аст, тарҷумони чирадаст ҳам мебошад. Бо талош ва заҳматҳои ӯ қиссаи «Роҳи Каҳкашон»-и нависандаи баруманди қирғиз Чингиз Айтматов, романи «Сурх ва сиёҳ»-и Стендал, китоби «Садбарги заррин»-и Константин Паустовский ва чанд асари дигар бо забони тоҷикӣ тарҷума ва нашр шудаанд.

Корманди шоистаи Тоҷикистон, Аълочии матбуоти Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи Иттифоқи журналистон ба номи Лоҳутӣ аст.

Бо нишони «Ситораи сурх» ва 15 медали ҷангию меҳнатӣ сарфароз гардонида шудааст.

Аз соли 1983 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Оиладор, соҳиби 4 фарзанд ва 11 набера мебошад.

Январь 30, 2019 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳунармандони Беларус дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни миллати тоҷик шинос шуданд
«БО ХУНИ ДИЛ». Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Беларус дар Тоҷикистон намоишгоҳи мустанади адабӣ доир шуд
РӮЗҲОИ СИНАМОИ БЕЛАРУС. Филми «Орзуи қаҳрамон» дар бораи яке аз қаҳрамонҳои миллии Беларус қисса намуд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд
НАМУНАИ ИБРАТ. Заҳмати модар Фараҳбахши нобиноро ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» гардонид
Доир ба иҷрои «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030» ҷаласа баргузор шуд
Имрӯз Рӯзҳои синамои Беларус оғоз меёбанд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус оғоз мешаванд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Беларус доир мегарданд
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
4 нафар довталабони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» сазовори «Шоҳҷоиза»-и озмун гардиданд
Имрӯз ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷоизаҳо супорида шуданд