ШАРОРАИ ХОТИРАҲО. Аз зилзилаи фоҷеабори Ҳисор расо 30 сол сипарӣ гардид
ДУШАНБЕ, 23.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. 30 сол муқаддам, 23 январи соли 1989, соати 5:05 дақиқа, дар маҳаллаҳои Шарора, собиқ Оқулии Боло, ҳоло Сарчашма ва Оқулии Поён, ҳозира деҳаи Сайёди шаҳри Ҳисор заминҷунбии мудҳише рух дод, ки чунин ҳодиса бесобиқа ҳисобида мешуд. Зеро дар ин заминларза теппае, ки атрофи маҳалҳои зикршударо иҳота мекард, пош хўрда, дар натиҷа хоку лой шаҳрак ва ду деҳаро пӯшонид. Дар ин зилзила қариб 300 нафар ҷони худро аз даст доданд.
Дар робита ба зилзилаи Шарора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо чанд нафар шоҳидони ҳодиса ва коршиносон суҳбат дошт, ки фишурдаи онро манзури хонандагон мегардонем.
Фаттоҳ Давлатов, истиқоматкунандаи шаҳраки Шарора, собиқ корманди илмии Институти зироаткории Академияи илмҳо ва узви ситоди муайянкунандаи хисороти заминларзаи соли 1989-и шаҳраки Шарора аз шоҳидони воқеъӣ мебошад. Мавсуф зимни суҳбат аз хотироти он даврааш чунин қисса кард: «Тахминан соати 5 субҳ буд, ки овози ҳайвонҳои хонагӣ- сагу гов ва садои мудҳише баланд шуд. Ман фикр кардам, шояд девори хонаи ҳамсояамон, ки лағжонак буд, чаппа шудааст. Давон ба сӯи хонаи ҳамсоя рафтам, то ба онҳо кумак расонам, вале хонае, ки деворҳояш лағжонаку намкашида буд, чизе нашудааст, аммо ҳама хонаҳое, ки дар наздикии теппа буданд, зери хок мондаанд. Ҳаво сарду боронӣ буд, дар он субҳи сарди зимистон ҳама ваҳшатзада ба назар мерасид».
Фаттоҳ Давлатов мегӯяд, ки бо гузашти чанд соат аз ҳодиса гурўҳҳои наҷотдиҳии ҳукуматӣ бо техникаву лавозимоти зарурӣ ҳозир шуда, ба кофтани ҷасадҳои дар зери хонаҳо хобида шурўъ карданд.
«Азбаски вақти кофтуков булдозеру экскаваторҳо узвҳои ҷасадҳоро канданд, комиссия ба хулосае омад, ки пайдо кардани ҷасадҳо душвор аст ва ба хотири озор надодани қурбониён маҳаллаи мазкур «Оромгоҳи шаҳидони Шарора» эълон карда шавад. То кунун атрофи ин мавзеъ бо деворҳои бетонӣ маҳкам карда шуда, дар даромадгоҳи он муҷассамаи «Гаҳвора» сохта шудааст»,- зикр кард ҳамсуҳбати мо.
Шарора, духтарчаи шашрӯзае, ки қиссаи зинда монданаш дар зилзилаи фалокатбори Ҳисор дар саросари Тоҷикистон паҳн гардида буд, ҳоло 30-сола аст. Ба қавли ҳолдонон, Шарора 5 рӯз қабл аз ин ҳодисаи заминҷунбӣ ба дунё омада будааст. Субҳи 23 январ дар натиҷаи заминларза, ки қуввааш 7 баллро ташкил дод, ҳамаи аъзои оилаи Шарора зери хок мемонанд ва тифли навзоди дар гаҳвора хобида зери девори бетонӣ монда, ҷон ба саломат мебарад.
Ҳоло Шарора Хоҷаева истиқоматкунандаи деҳаи Ниёгони шаҳри Ҳисор ва соҳиби 3 духтар мебошад. Зимни суҳбат бо мо зикр кард, ки 23 январро дар зиндагияш чун рӯзи фаромўшнопазиру фоҷеабор ҳисоб мекунад. Зеро дар ин рӯз ӯ наздикону пайвандон ва аҳли деҳаашонро аз даст додааст.
Бояд гуфт, тифли 6-рӯзае, ки аз зилзила ҷон ба саломат бурд, аввал Парвина ном дошт. Ӯро дар дохили гаҳвора аз зери хоку лой пайдо намуда буданд. Ба ин тифл ҳамчун хотира баъдан Шарора ном гузоштанд. Шарора хатмкардаи бахши забони немисии Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода мебошад.
Шарора Хоҷаева чанд сол пеш дар Телевизиони Тоҷикистон чун муҳаррири идораи барномаи «Субҳ» ва дар шаҳраки Шарораи шаҳри Ҳисор ба ҳайси раиси занон фаъолият намуда, айни замон ба тарбияи фарзандон машғул аст. «23 январ чун ҳодисаи мудҳиш ҳеҷ гоҳ аз ёдам зудуда намешавад, зеро дар ин рӯз сарнавиштам дигаргун шуд, Худованд ба ман умри дубора дод, маро машҳур кард ва Шарораи меҳри дилҳоро чун ёдгори он шаҳидон зинда нигоҳ дошт»,— иброз дошт ӯ.
Шарора мегӯяд, ҳеҷ гоҳ худро танҳову бе кас эҳсос намекунад, зеро дар оғўши гарми падару модар-(амаку янгааш) бузург шудааст ва то кунун дар зиндагӣ ва тарбияи фарзандон аз кумаки волидонаш бархудор аст.
Мавриди зикр аст, ки заминларзаи Шарора ба беш аз 1900 хоҷагии собиқ ноҳияи Ҳисор зарари калон расонида, 4,5 ҳазор оиларо бе сарпаноҳ кард. Дар маҷмӯъ бар асари ин зилзилаи мудҳиш беш аз 15 ҳазор одамон бе манзил гардиданд. Бо кумакҳои ҳукумат ва ҷомеа оқибатҳои фалокатбори зилила батадриҷ бартараф карда шуданд. Коршиносон дар робита ба омилҳои сар задани ин ҳодиса фарзияҳои гуногунеро тахмин мезананд.
Аз ҷумла, муовини директори Институти геология-сохтмони ба зилзила тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ Пулот Ясунов мегӯяд, ки агарчӣ дар ҷумҳурӣ чандин заминҷунбиҳои мудҳиш ба вуқӯъ омада, сабаби харобиҳои зиёд ва ҳалокати одамон шуданд, вале зилзилаи соли 1989 дар Шарора бесобиқа мебошад. Зеро ба гуфтаи коршиносон, ҳодисаи мазкур дар натиҷаи нам кашидани хоки теппае, ки чанд сол қабл дар назди он канал сохта шуда буд, ба вуқўъ омадааст. Яъне, ба қавли Пулот Ясунов, ин ҳодиса амали техникӣ мебошад ва аз бемасъулиятии баъзе роҳбарони соҳа сар задааст.
Бояд гуфт, ки ҳамасола 23 январро сокинони деҳаҳои Оқулии Болою Поён, инчунин шаҳраки Шарора чун рӯзи фоҷеабору марговар ёд намуда, дар ин рӯз ба макони ҳодиса рафта, бо дуо рўҳи қурбониёнро шод месозанд.
Ҳамасола аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор дар арафаи ин рӯз дар ин маконҳо корҳои ободонию тозагӣ сурат гирифта, бо ҷалби зиёиёни шаҳр барномаҳои поси хотир роҳандозӣ мешаванд.
Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР,
АМИТ «Ховар»