Ширкати «Мегафон Тоҷикистон» шарики навбатии ФФТ гардид
ДУШАНБЕ, 18.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ширкати «Мегафон Тоҷикистон» ҳамкории худро бо Федератсияи футболи Тоҷикистон дар соли 2019 идома медиҳад.
Тавре сомонаи расмии ФФТ хабар медиҳад, ноиби президенти ФФТ Дилшод Ҷӯраев ва директори ширкати «Мегафон Тоҷикистон» Анатолий Изюмников дар ин бора шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд.
Дар вохӯрӣ бо хабарнигорон Дилшод Ҷӯраев зикр кард, ки ширкати «Мегафон Тоҷикистон» дар роҳандозӣ кардани барномаҳо барои ривоҷи футбол саҳми беандоза мегузорад. Лоиҳаи россиягии мусобиқаи футболбозони наврас бо номи «Оянда аз ту вобаста аст» яке аз онҳо мебошад, ки дар он пайваста дастаҳои футболи наврасони Тоҷикистон ширкат меварзанд.
Анатолий Изюмников бо боварӣ изҳор кард, ки ҳамкорӣ бо ФФТ барои ширкати «Мегафон Тоҷикистон» манфиатбахш ва пурмаҳсул хоҳад буд.
Ширкати «Мегафон Тоҷикистон» соли 2019 ба ФФТ қариб 300 ҳазор сомонӣ саҳм мегузорад.








ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд






