Ширкаткунандагони бозиҳои финалии Чемпионати ҷаҳон-2018 ба бозиҳои нимниҳоӣ баромаданд

Январь 25, 2019 15:45

ДУШАНБЕ, 25.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз ду дастаи иштирокдори бозиҳои финалии Чемпионати ҷаҳон-2018-Япония ва Эрон ба марҳилаи нимниҳоии Чемпионати 17-уми Осиё роҳхат гирифтанд. Мавзӯъро Аловиддин БӮРИЕВ   шарҳ медиҳад.

Сараввал дастаҳои мунтахаби Ветнам ва Япония дар варзишгоҳи «Алмактум Стедиум»-и шаҳри Дубай ба майдони бозӣ омаданд.  Дастаи мунтахаби Ветнам бо вуҷуди ду бохт аз Ироқ (3:2) ва Эрон (2:0) ва танҳо як бурд дар баробари Яман (2:0) аз даври гурӯҳии Ҷоми миллатҳои Осиё ба бозиҳои 1/8-ниҳоӣ аз гурӯҳи «D»  роҳхат гирифт ва дастаи ҷои аввали гурӯҳи «В»-Урдунро дар силсилаи зарбаҳои пеналтии баъдибозӣ (1:1, 4:2) паси сар гузошт.

Шоми дирӯз ветнамиҳо  дар баробари самурайҳо бозии баробар нишон доданд, аммо низоми нави видеодовар, мавсум ба VAR ба дастаи мунтахаби Япония кумак кард, то тавонад аз зарбаи пеналтӣ бо имзои Доан дар дақиқаи 57-ум ба пирӯзӣ расад. Бори аввал видеодовар ва ё видеобаррасӣ дар ҳамин бозӣ истифода шуд ва дар нимаи аввал низ тавассути он як голи дастаи мунтахаби Япония  бекор гардид. Япония аз аввалин дастае гардид, ки дар баробари ҷавонтарин дастаи Ҷоми миллатҳои Осиё-Ветнам ғолиб омада, ба бозиҳои нимниҳоӣ роҳхат гирифт.

Дар бозии дуюми рӯз дастаҳои мунтахаби Чин ва Эрон дар варзишгоҳи «Муҳаммад бин Зайд Стедиум»-и шаҳри Абу Дабӣ ба дидори ҳам рафтанд. Дастаи миллии Чин ба ҳайси дуюмин дастаи гурӯҳи «С» ба бозиҳои 1/8-ниҳоӣ раҳсипор шуд ва дастаи мунтахаби Таиландро бо натиҷаи 2:1 шикаст дод.  Дастаи мунтахаби Чин дуюмин дастае мебошад, ки (Япония ҳамчунин) дар давраи бозиҳои Ҷоми миллатҳои Осиё ду маротиба аз бохт раҳо ёфта, дар охир ба ғалаба (камбэк) сазовор гардидааст. Аммо дар баробари дастаи мунтахаби Эрон дар вохӯрии ¼-ниҳоӣ бозии футболбозони Чин аз хатоҳо орӣ набуд.  Дар натиҷа Меҳдӣ Торимӣ (18), Сардор Озмун (31) ва Карим Ансорифард (90+1) ба дарвозаи шогирдони Марчелло Липпӣ се гол заданду шумораи дастаҳои Осиёи Шарқиро дар идомаи бозиҳои Чемпионати Осиё-2019 кам карданд.

Ба ҳамин тартиб, дар аввалин дидори нимниҳоӣ дастаҳои мунтахаби Япония бо Эрон қувва месанҷанд. Ҷуфти дуввуми бозиҳои нимниҳоӣ имрӯз баъди бозии байни дастаҳои мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо  Қатар ва Амороти Мутаҳидаи Араб бо Австралия муайян мегардад.

Ёдовар мешавем, ки ҳанӯз аз панҷ дастаи иштирокдори бозиҳои финалии Чемпионати ҷаҳон-2018 дар Россия чор даста муборизаро барои Ҷоми миллатҳои Осиё давом медиҳанд. Танҳо дастаи мунтахаби Арабистони Саудӣ дар бозии 1/8-ниҳоӣ аз дастаи мунтахаби Япония мағлуб шуд (1:0).

Январь 25, 2019 15:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар Тошканд ғолиби чемпионати CAFA-2026 гардид
Саидмуъмини Шарифзод Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Рӯдакиро соҳиб гардид
Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Арабистони Саудӣ баргузор мегарданд
БОЗИҲОИ 4-УМИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Пойтахти Сенегал – шаҳри Дакар бозиҳоро мизбонӣ мекунад
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОНИИ ҶУДО-2026. Боку мизбони мусобиқаи муҳими давраи нави олимпӣ мешавад
CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд