Шумораи осебдидагони заминларза дар Эрон ба 75 нафар расид
ДУШАНБЕ, 07.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи осебдидагон ҳангоми заминларза дар Эрон дар наздикии сарҳади Ироқ ба 75 нафар афзудааст, хабар медиҳад агентии «Рейтер» бо истинод ба роҳбари хадамоти ёрии аввали тиббии кишвар Пирҳуссайн Куливанд.
Дар зимн маълум мешавад, ки бисёре аз онҳо он қадар осеби сахт набардоштаанд. Қаблан иттилоъ дода шуд, ки зиёда аз 30 нафар бо ҷароҳатҳои гуногун ба беморхонаҳои Эрон муроҷиат кардаанд.
Рӯзи якшанбе дар ноҳияи сарҳадии Эрону Ироқ заминларза бо магнитудаи 5,7 ба амал омад. Маркази сейсмологии баҳри Миёназамини Аврупо иттилоъ дод, ки таконҳо соати 13.42 бо вақти маҳаллӣ сабт гардида, манбаи заминларза дар чуқурии 40 метр қарор дошт.
Маркази заминларза дар километри 136-ум аз Бағдод ба самти шимолу шарқ ва дар километри 87 ба самти шимолу ғарб аз шаҳри Илами Эрон қарор доштааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд






