Соли 2018 саршумори паранда 75,5 фоиз ва тухм 66,3 фоиз афзоиш ёфтааст-бардошт аз нишасти матбуотии Вазорати кишоварзӣ
ДУШАНБЕ, 28.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи маълумоти оморӣ, соли 2018 дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ саршумори паранда мутаносибан зиёд гардида, қариб 32 миллион сарро ташкил намуд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода шуд.
Дар нишаст Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Иззатулло Сатторӣ, муовинони вазир, роҳбарони сохторҳои марбута ва хабарнигорони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Тавре зимни нишаст зикр шуд, ки саршумори паранда соли 2018 нисбат ба соли 2017 75,5 фоиз ва тухм 66,3 фоиз афзоиш ёфтааст.
«Хоҷагиҳои парандапарварӣ афзалиятнок муайян гардидани соҳаи мазкурро аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии мамлакат ва аз ҳамаи андозу пардохтҳо озод гардидани воридоти технологияву таҷҳизот ва мавод барои таъминоти соҳаро бо хушнудӣ қабул намуда, барои рушди соҳаи парандапарварӣ талош варзида истодаанд. Баъди озод гардидани маводи воридотии соҳа аз андозҳо ба ҷумҳурӣ барои таъминоти соҳаи парандапарварӣ тухми инкубатсионӣ, чӯҷаи якрӯза ва хӯроки паранда ворид гардиданд. Корхонаҳои парандапарварии ҷумҳурӣ соли 2018 беш аз 2 миллиону 600 ҳазор чӯҷа истеҳсол ва барои парвариш пешниҳод намуданд, ки ин нисбат ба соли пеш хеле зиёд мебошад»,- гуфт Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта воридоти технологияву таҷҳизот ва мавод барои таъминоти соҳаи парандапарварӣ ва молҳо бевосита барои эҳтиёҷоти худи корхонаҳои парандапарварӣ ва корхонаҳои истеҳсолкунандаи хӯроки омехтаи паранда ва чорво аз пардохти боҷҳои гумрукӣ пурра озод карда шуданд.








35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад
Тоҷикистон ба таҷрибаи бузургтарин оператори бозори неруи барқи Аврупо — Nord Pool мароқ зоҳир намуд






