Вазири адлия: «Дар Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ ду муассисаи ислоҳӣ бунёд мегарданд»
ДУШАНБЕ, 28.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Интизор меравад, ки соли равон дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ ду муассисаи ислоҳӣ ба истифода дода шаванд. Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Шоҳмурод 28 январ дар ҷамъи хабарнигорон дар Душанбе гуфт, ки алҳол корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот ҷараён дошта, бинои як қисми муассисаи ислоҳӣ дар шаҳри Ваҳдат соли равон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.
Сабаби бунёди ду муассисаи ислоҳиро дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ вазир на дар афзоиши теъдоди маҳбусон, балки аз пойтахт баровардани муассисаи ислоҳии рақами №1 арзёбӣ намуд.
Вазири адлия ҳамзамон зимни нишасти матбуотӣ баён дошт, ки дар Тоҷикистон соли гузашта ба таври расмӣ никоҳи хешу таборӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Мусаллам аст, ки соли 2016 Парлумони Тоҷикистон ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид намуд. Тибқи он муоинаи ҳатмии тиббии ҷавонон қабл аз издивоҷ ба роҳ монда шуда, никоҳи хешутаборӣ дар кишвар манъ карда шуд. Ҳадафи тағйирот ба Кодекси оилаи мамлакат бунёди ҷомеаи солим аст, ки он аз оила ва оила аз инсонҳо сарчашма мегирад.
Вазири адлия зикр кард, ки дар ин давра дар мамлакат аз ҷониби мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ беш аз 82 ҳазор ҳолати сабти никоҳ, беш аз 231 ҳазор ҳолати сабти таваллуд ва 11 ҳазор ҳолати сабти бекоркунии никоҳ ба қайд гирифта шудааст.








«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд






