Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар нахустин Муколамаи «Ҳиндустон-Осиёи Марказӣ-Афғонистон» иштирок намуд

Январь 14, 2019 13:30

ДУШАНБЕ, 14.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. 12-13 январи соли 2019 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии  Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар нахустин Муколамаи «Ҳиндустон-Осиёи Марказӣ-Афғонистон» дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ иштирок намуд.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар муколама Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон хонум Сушма Свараҷ ва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов раисӣ карданд.

Инчунин дар муколама роҳбарони мақомоти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Бейбут Атамкулов, Ҷумҳурии Қирғизистон Чингиз Айдарбеков, Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, Туркманистон Рашид Мередов иштирок намуданд.

Муколама аз ду сессияи пленарӣ дар мавзӯъҳои «Ҳиндустон-Осиёи Марказӣ» ва «Ҳиндустон-Осиёи Марказӣ-Афғонистон» иборат буд.

Дар  сессияи «Ҳиндустон-Осиёи Марказӣ»  дар мавриди доираи васеи масъалаҳои рушди ҳамкории судманд ва тақвияти равобити дӯстона байни кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Ҳиндустон, аз ҷумла тадбирҳо оид ба мусоидат ба тиҷорати мутақобила, дурнамои таҳкими ҳамкорӣ дар самти ҷалби сармоя, инноватсия ва технология ба иқтисодиёти минтақавӣ, рушди иқтидори нақлиёти транзитӣ ва коммуникатсионии кишварҳои Осиёи Марказӣ, афзоиши сайёҳон, лоиҳаҳои мушаххаси муштарак дар соҳаи илм, тандурустӣ, маориф ва варзиш таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

Дар нишаст оид ба мавзӯи «Ҳиндустон-Осиёи Марказӣ-Афғонистон» Вазири корҳои хориҷии  Ҷумҳурии  Исломии Афғонистон Салоҳиддин Раббонӣ бо ҳайати ҳамроҳаш иштирок намуд.

Вазирони корҳои хориҷии Ҳиндустон ва Осиёи Марказӣ иштироки ҳайати воломақоми Афғонистонро дар мулоқоти аввалини худ хуш пазируфта, уҳдадориҳояшонро оид ба ривоҷи иқтисоди Афғонистон бо роҳи татбиқи лоиҳаҳои инфрасохтории муштарак, транзитӣ, энергетикӣ ва дигар лоиҳаҳое, ки ба ҳамгироии Афғонистон ба системаи муносибатҳои иқтисодии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мусоидат мекунанд, таъкид намуданд.

Иштироккунандагони муколама омодагии худро оид ба баргузории Конфронси 8-уми минтақавии ҳамкории иқтисодӣ оид ба Афғонистон (REССА VIII), ки дар нимсолаи дуюми 2019 дар Тошканд пешбинӣ шудааст, тасдиқ карданд.

Дар фарҷоми муколама дар бораи оғози механизми муколамаи «Ҳиндустон-Осиёи Марказӣ» дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ Изҳороти муштарак қабул гардид.

Январь 14, 2019 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Вена мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии канорӣ оид ба таҳкими ҳамкорӣ барои тавонмандсозии занон дар Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Туркия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Чин дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Форуми иқтисодии Берлин 2026 иштирок намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Хазинаи нуфус ва рушди Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд
Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили ҳуқуқӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо муовини Котиби кулли Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ мулоқот намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон дар шимолу ғарби Русия вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Ленингради Русия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Русия бо ҷавонон ва донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербург мулоқот намуд
Дар Женева дурнамо ва рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ баррасӣ шуд