Вазорати нақлиёт, Хадамоти зиддиинҳисорӣ, Саридораи геология, Палатаи савдо ва саноат нишасти матбуотӣ доир менамоянд

Январь 29, 2019 08:40

ДУШАНБЕ, 29.01.2019 /АМИТ «Ховар»/.  30 январ Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон», Хадамоти зиддиинҳисории назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти соли 2018  нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.

Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» соати 09:00 дар маҷлисгоҳи Вазорати нақлиёт нишасти матбуотӣ доир менамоянд.

Палатаи савдо ва саноат соати 14:00 дар Палатаи савдо ва саноат нишасти матбуотӣ мегузаронад.

Нишасти матбуотии Саридораи геология барои намояндагони ВАО соати 09:00 дар Саридораи геология доир мегардад.

Нишасти матбуотии Хадамоти зиддиинҳисорӣ соати 11:00 дар Хадамоти мазкур баргузор мешавад.

Хотиррасон мекунем, ки тибқи нақшаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» ҷиҳати дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ гузаронидани онҳо мувофиқа мекунанд (хиёбони Рӯдакӣ, 40, ошёнаи 2, телефонҳои 221-34-24, 223-10-98, 888-08-34-04).

Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузоршавии нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» www.khovar.tj  бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.

Январь 29, 2019 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ҒИЗОИ СОЛИМ. Пӯдина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруф аст
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд