ВКД ҶТ ХАБАР МЕДИҲАД: 23 нафар ноболиғону ҷавононе, ки ба дуздию оворагардӣ машғул машғул буданд, боздошт гардиданд
ДУШАНБЕ, 04.01.2019./АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз боздошти 23 нафар ноболиғону ҷавонон аз марказҳои дилхушию интернет-кафеҳо ва даст доштани бархе аз онҳо дар амалҳои дуздӣ хабар медиҳад.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии мамлакат ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, шабонарӯзи гузашта ҷиҳати пешгирии машғул шудани наврасон ба талбандагиву оворагардӣ, дуд додани испанд, шустани нақлиёт дар ҷойҳои муқаррарнашуда, кашидани бор дар бозорҳо ва ҷамъоварии маблағ дар нақлиёти мусофирбар, инчунин шабона ба марказҳои дилхушӣ, дискоклубҳо, интернет-кафеҳо, марказҳои компютерӣ, толорҳои букмекерӣ ва тарабхонаҳо рафтани онҳо санҷиш гузаронида шуд.
«Дар натиҷаи гузаронидани тадбирҳо аз марказҳои дилхушӣ ва интернет-кафеҳо 20 нафар ноболиғону ҷавонон, ки ба бозиҳои зараровари компютерӣ ва беҳудагардӣ машғул буданд, боздошт ва ба шуъбаҳои милитсия дастрас карда шуданд», — илова намуд манбаъ.
Вазорат дар идомаи хабар навиштааст, ки зимни баргузории санҷишҳо падару модари дастрасшудагон ба мақомоти милитсия даъват ва нисбат ба онҳо санадҳои маъмурӣ тартиб дода шуданд.
Ба иттилои манбаъ, кормандони милитсия як зумра ҷиноятҳои дуздиро низ пешгирӣ намуданд.
Ҳукуматов Фирдавс Нуриддинович, соли таваллудаш 1993, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, Наимов Маҳмадалӣ, соли таваллудаш 1984 ва Қурбонов Кароматулло, соли таваллудаш 1995, сокини ноҳияи Мирсайид Алии Ҳамадонӣ бо маслиҳати пешакӣ ва таъсиси гурӯҳи ҷиноятӣ шабона манзилҳои истиқоматии шаҳрвандонро мавриди дуздӣ қарор додаанд.
«Зимни пешбурди корҳои тафтишотӣ муайян карда шуд, ки ин гурӯҳи ҷиноятпеша дар содир намудани 15 лаҳзаи ҷинояти дуздӣ гумонбар дониста шуда, зарари ба шаҳрвандон расонидаи онҳо зиёда аз 200 ҳазор сомониро ташкил медиҳад»,- хабар дод манбаъ.
Зимнан, пешгирии даст задани ҷавонону наврасон ба ҳар гуна амалҳои номатлуб масъалае мебошад, ки ҳамеша дар мадди назари давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад ва дар ин самт тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд. Қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» аз ҷумлаи тадбирҳои калидии андешида дар ин самт мебошад.
Айни замон нисбат ба далелҳои мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, номбурдагон дар ҳабси пешакӣ қарор доранд.











Бахшида ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Риояи қонуни танзими ҷашну маросим омили сарфакорӣ ва таҳкими маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад
Дар ноҳияи Ёвон намоиши ҷойи нави кор баргузор гардид
Масъалаи рушди низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар Тоҷикистон бо Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид
Ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба татбиқи лоиҳаи «Миллати солими Тоҷикистон» баргузор шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 47 бинои муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ таъмир гардид
ҶОИЗАИ БА НОМИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ. Барои олимони ҷавон дар соли 2026 озмун эълон гардид
Дар Тоҷикистон барои табобати омоси ҷигар усули нав амалӣ шуд
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон: «Ширкатҳои мобилӣ ҳеҷ гоҳ рамзи тасдиқро талаб намекунанд»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Некӣ кардан ба падару модар афзалтар аз намозу рӯза ва ҳаҷу умра мебошад»
«АРТИШИ МИЛЛӢ-НЕРУИ ПОЯНДАИ ДАВЛАТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Бохтар ҳамоиш доир гардид






