ВКД ТОҶИКИСТОН ҲУШДОР МЕДИҲАД: дидаю дониста сироят кунондани шахси дигар бо ВНМО ҷиноят аст

Январь 7, 2019 10:00

ДУШАНБЕ,  07.01.2019 /АМИТ «Ховар»/  Зимни гузаронидани корҳои фаврӣ — ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 27-солаи сокини шаҳри Хуҷанд бо гумони сироят кардан бо Вируси норасоии масунияти одам дастгир карда шуд. 

Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дода, афзуданд, ки номбурда ба бемории Вируси норасоии масунияти одам гирифтор буда, дар Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО дар вилояти Суғд ба қайд гирифта шудааст.

«Дастгиршуда аз моҳи май то сентябри соли 2018 новобаста аз он, ки аз тарафи Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО дар вилояти Суғд оид ба бемор буданаш огоҳнома гирифтааст, дидаю дониста, бо марди 20-солаи сокини шаҳри Хуҷанд алоқаи ҷинсӣ намуда, ӯро ба ин беморӣ сироят кардааст»,- илова намуд манбаъ.

Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Зимнан, масъалаи пешгирии сироят  кардан ба ВНМО солҳои охир ташвишовар гардида, дар ин самт як зумра тадбирҳои мушаххас андешида шудаанд.

Аз ҷумла, 2 январи соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ду қонуни мукаммал ва якчанд қонунҳо дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунандаро, ки Маҷлиси намояндагон онҳоро қабул ва Маҷлиси миллӣ ҷонибдорӣ намуда буданд, ба имзо расониданд.

Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси  ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси  ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷумлаи санадҳои меъёриву ҳуқуқии болозикр буданд, ки бо мақсади пурзӯр намудани ҷавобгарӣ нисбат ба шахсоне, ки нафари дигарро мубталои сирояти Вируси норасоии масунияти одам мекунанд, ба имзо расонида шуданд.

Маврид зикр аст, ки мувофиқи моддаи 125 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсоне, ки бо роҳҳои гуногун нафари дигарро ба бемори ВИЧ/СПИД гирифтор мекунанд, ба муҳлати аз 2 то 10 сол аз озодӣ маҳрум карда мешаванд.

Январь 7, 2019 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад