10 МАВЗЕИ ҶОЛИБИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН, КИ САЙЁҲОНИ ДОХИЛИРО БЕШТАР ҶАЛБ НАМУДАНД. Рӯйхати онҳоро Кумитаи рушди сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои дахлдори соҳа тартиб дод

Февраль 15, 2019 12:17

ДУШАНБЕ, 15.02.2019./АМИТ «Ховар»/. Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои дахлдори соҳа рўйхати 10 мавзеи ҷолиби кишварро барои сайёҳони дохилӣ тартиб дод, ки аз рўйи натиҷаҳои соли 2018 омода шудааст, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Таҳлилу мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки сайёҳии дохилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир мавқеи муайянро касб менамояд. Дар Стратегияи рушди сайёҳӣ дар ҶумҳурииТоҷикистон барои давраи то соли 2030   омадааст, ки пешрафти сайёҳӣ ва мароқу рағбати хориҷиҳо ба баланд гардидани таваҷҷуҳи аҳолии маҳаллӣ ба  манзараҳои хубу дилкаши гуногуни кишвар мусоидат менамояд. Дар навбати худ, эҳсоси нави ифтихор бо мамлакат ва ё минтақаро тавассути эътирофи арзишҳои бузурги он ба вуҷуд оварда, ба рушди сайёҳии дохилӣ ва афзоиши шумораи сайёҳони маҳаллӣ кумак менамояд.

Мардуми Тоҷикистон дар ҳудуди Ватани худ саёҳат карда, онро бештар меомўзанд ва қадр менамоянд. Дар аксарияти мамлакатҳо шумораи сайёҳони дохилӣ аз сайёҳони хориҷӣ зиёд аст. Ин барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ шароити муосид фароҳам оварда, ҳамчун воситаи баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии аҳолӣ оид ба мамлакати худ, эътирофи он ва баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ баромад менамояд.

Тибқи маълумоти оморӣ дар маҷмуъ соли гузашта шумораи сайёҳони дохилӣ зиёда аз 750 ҳазор нафарро ташкил дод, ки ин шумора нисбат ба соли 2017 як баробар зиёд  аст.

Нишондиҳандаҳои мазкур аз он  гувоҳӣ  медиҳанд, ки сол то сол   шаҳрвандони Тоҷикистон   бештар  барои дидани мавзеъҳои ҷолиби минтақаҳои гуногуни кишвар мароқ зоҳир мекунанд. Ба ин қабл аз ҳама мавҷудияти воситаҳои қабул ва хизматрасониҳои сайёҳӣ мусоидат менамоянд. Дигар омили мусоидаткунанда рушди инфрасохтор аз ҷумла, беҳтар гардидани ҳолати роҳҳои маҳаллӣ, хизматрасонии нақлиётӣ, тиҷорати меҳмонхонавӣ ва ғайра мебошанд.

Кумитаи рушди сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои дахлдори соҳа рўйхати 10 мавзеи ҷолиби кишварро барои сайёҳони дохилӣ тартиб дод, ки аз рўйи натиҷаҳои соли 2018 омода шудааст. Аз ҷумла,  соли гузашта аз:

  1. Чилучорчашма — 150 000 нафар;
  2. Қалъаи Хуҷанд — 64042 нафар;
  3. Қалъаи Ҳисор — 40032 нафар;
  4. Пойгоҳи бостоншиносии ПанҷакентСаразм — 34800 нафар;
  5. Оромгоҳи Ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ— 29103 нафар;
  6. Осоишгоҳи «Баҳористон»– 20853 нафар;
  7. Қалъаи Ҳулбук — 20072 нафар;
  8. Қалъаи Муғ -16360 нафар;
  9. Чилдухтарон — 9331нафар;
  10. Сафеддара – 9260 нафар

сайёҳон дидан карданд.

Ин навъи сайёҳӣ ба кишвар асъор ворид намесозад, вале тавассути даромадҳои иловагӣ аз хизматрасониҳо байни минтақаҳои кишвар ба рушди иқтисодиёт таъсир мерасонад.

Сайёҳии дохиливу воридотӣ як инфрасохторро истифода мебаранд, бинобар ин он имкон медиҳад, ки инфрасохтори минтақа мустаҳкаму мукаммал ва истифодаи самараноки он таъмин гардад. Ҳамин тавр сайёҳии дохилӣ метавонад чун асоси сайёҳии воридотӣ хизмат намояд.

Воқеан ҳам рушди сайёҳии дохилӣ мавзӯи бисёр муҳим аст ва на танҳо барои кишваримо. Дар тамоми ҷаҳон сайёҳии дохилӣ аз рўи дараҷаи фарогирӣ нисбат басайёҳии байналмилалӣ бартарӣ дорад. Зеро аз рўи саҳм сайёҳии дохилӣ 75 – 80 дарсади шумораи умумии сайёҳонро дар ҷаҳон дарбар мегирад.

Одатан ҳангоми саёҳат шахс аз надонистани забони маҳалли сафар ва урфу одатҳои онҳо мушкилӣ мекашад. Дар сайёҳии дохилӣ ин мушкил ҷой надорад, зеро шаҳрвандон бо як забон ҳарф зада, аз одатҳои якдигар бархўрдоранд. Дигар омили мусоидаткунандаи сайёҳии дохилӣ ин дастрасии нархҳо буда, сафар дар дохили мамлакат нисбат ба кишварҳои хориҷӣ камхарҷтар аст. Ғайр аз ин, сайёҳии дохилӣ барои огаҳии комил пайдо кардани сокинон  аз имконоти гардишгарии кишвар, шиносоӣ бо ҳаёт ва фаъолияти мардуми минтақаи дигар, фарҳангу тамаддуни қадима ва дар ин замина ба рушду тавсеаи сайёҳии воридотӣ таъсири назаррас хоҳад расонд. Муҳим аз ҳама, боздид ва шиносоӣ аз мавзеъҳои нодир ва беназири сайёҳии мамлакат ҳисси ватандўстӣ ва меҳанпарастӣ, ифтихор аз Ватану ватандориро боло бурда, ваҳдати миллиро боз ҳам устувор мегардонад.

Дар раванди рушди сайёҳии дохилӣ ва байналмилалӣ дар Тоҷикистон зиёда аз 3000 ёдгориҳои таърихию фарҳангии бақайдгирифташуда, захираҳои зиёди экологӣ мусоидат менамоянд.

Аз ҷумла,   мамнўъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор, Қалъаи Хуҷанд, пойгоҳи бостоншиносии Панҷакент-Саразм, муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Кўлоб, осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абуабдулло Рўдакӣ, маҷмааи таърихию фарҳангии Панҷруд, мамнўъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳулбук, Осорхонаи миллӣ,     осоишгоҳҳои «Гармчашма», «Ямчу» (Биби Фотимаи Заҳро), «Баҳористон», «Сатурн», «Хоҷа Оби гарм», «Сароб», Сафеддара», «Пули сангин», «Чилдухтарон»  ва дигарон имкон медиҳанд, ки сайёҳон бо гузаштаи миллати тоҷик аз наздик шиносоӣ пайдо намуда, аз табиати биҳиштосои диёр,  обу ҳавои аз ҷиҳати экологӣ тоза, чашмаҳои дорои  хусусияти табобатии нодир ва кўлҳои зиёди куҳӣ таассуроти рангин бардоранд.

Дар ин давра бо мақсади муаррифӣ ва таҳияи хатсайрҳои нави сайёҳӣ, инчунин ташвиқу тарғиби сайёҳии дохилӣ, кормандони Кумитаи рушди сайёҳӣ ва ширкатҳои сайёҳӣ аз шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Турсунзода, Норак, Шаҳринав, Файзобод, Рашт, Айнӣ, Ховалинг, Балҷувон, мавзеи СариХосор, маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафеддара»-и ноҳияи Варзоб, мавзеъҳои Ромиту Канаски шаҳри Ваҳдат боздид намуданд ва имкониятҳои бузурги сайёҳии ин минтақаҳо муаррифӣ карда шуданд. Дар натиҷа беш аз 30 хатсайри нави сайёҳӣ таҳиягардид.

 

Февраль 15, 2019 12:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имсол дар хоҷагиҳои кишоварзии шаҳри Панҷакент дар 2,5 ҳазор гектар картошка кишт карда мешавад
ПАЙВАНДИ НИҲОЛ. Он ба афзоиш ёфтани ҳосили дарахтон мусоидат мекунад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Кӯшониён бештар зироати барвақтӣ кишт гардидааст
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти баҳории картошка аз нимаи дуюми моҳи феврал оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон беш аз 29 ҳазор тонна равғани растанӣ истеҳсол шудааст
Вазири саноат ва технологияҳои нав бо муовини Сарвазир – Вазири зеҳни сунъӣ ва рушди рақамии Қазоқистон вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Италия барои воридоти технологияҳои истеҳсолӣ тақвият медиҳад
Байни Хадамоти гумрук ва ширкати ҷопонии «Yachiyo Engineering Co., LTD» оид ба хизматрасонии машваратӣ шартнома ба имзо расид
Тоҷикистон ҳамкориро бо «Google DeepMind» дар соҳаи рушди зеҳни сунъӣ густариш медиҳад
Бо мақсади иҷрои «Барномаи давлатии таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов барои солҳои 2025-2029» ҳамоиш доир шуд
Дар Саммити байналмилалии «AI Impact Summit» татбиқи зеҳни сунъӣ дар идоракунии давлатии Тоҷикистон муаррифӣ шуд
Роҳбарияти Корпоратсияи «Microsoft» барои густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ изҳори омодагӣ намуд