АГМК — «ИCТИҚЛОЛ»: МУРАББИЁН ЧӢ МЕГӮЯНД? Ҳаким Фузайлов ва Мирҷалол Қосимов имрӯз пеш аз бозӣ ба саволҳои рӯзноманигорон посух доданд
ДУШАНБЕ, 12.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, соати 16:00 ба вақти Душанбе дар шаҳри Алмалики Ӯзбекистон дар бозии даври дуюми муқаддамотии интихобии Лигаи чемпионҳои Осиё чемпиони Тоҷикистон – «Истиқлол»-и Душанбе бо ғолиби Ҷоми Ӯзбекистон -АГМК-и Алмалик вориди майдони рақобат мешаванд. Дар нишасти матбуотии пеш аз бозӣ сармураббиёни ҳарду даста, собиқ бозингарони маъруфи футболи ду кишвар ва Иттиҳоди Шӯравӣ ба пурсишҳои рӯзноманигорон ҷавоб доданд.
Ҳаким Фузайлов, сармураббии дастаи «Истиқлол»:
-Пеш аз ҳама, миннатдории худро барои истиқболи гарм ба масъулини дастаи АГМК баён мекунам. Мо дастаи футболи Алмаликро хуб мешиносем, аммо ҳайаташ рӯзҳои охир хеле тағйир ёфтааст. Фикр мекунам, ки моро муборизаи пуршиддат интизор аст.
-Аз интихоби бозингарон ба даста қаноатмандед?
-Бале, ҳайати имрӯза маро қонеъ мекунад, аммо интихоб ҳамоно идома дорад.
-Пештар дастаи «Локомотив»-и Тошкандро машқ медодед ва бо Чемпионати Ӯзбекистон шинос ҳастед. Имконияти АГМК-ро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
— Солҳои пеш ман дар Ӯзбекистон кор кардаам ва имрӯз тағйирот хеле зиёд аст. Дар ҳайати АГМК бозингарони беҳтарин ҷамъ омадаанд. Бозии шавқоварро хоҳем дид.
— Муносибати шумо ба бозиҳои плей-офф, ки дастаҳо як бозӣ мегузаронанд, чӣ гуна аст?
-Ин ҳолат аз таҷрибаи ман бо «Локомотив» бароям шинос аст. Аммо дар бозии футбол фарқ надорад, ки он дар куҷо мегузарад. Футбол барои мухлисон аст. Танҳо мухлисони мо онро тавассути телевизор тамошо мекунанд.
Мирҷалол Қосимов, сармураббии АГМК:
-Пагоҳ мавсими футбол барои дастаи АГМК оғоз меёбад. Аз фурсат истифода бурда, ба дастаи «Пахтакор» (ин даста низ бо «Алқувва Алҷаввия»-и Ироқ имрӯз дидор анҷом медиҳад) ва «Локомотив»-и Тошканд, ки дар бозиҳои гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё ширкат меварзад, комёбӣ мехоҳам. Мо меҳмони худро эҳтиром мекунем, аммо танҳо барои ғалаба ба майдон меоем.
-Мавсими нав шурӯъ мегардад ва мураббиёни ҳар ду даста тозаинтихобед. Пас нақши муҳимро дар ин ҳолат кадом омилҳо дар бозӣ муайян мекунанд?
-Мо робитаи бозингаронро дар мавқеъҳо ба роҳ мондем. Бозингарон бояд бо рӯҳияи ғалабаовар ба майдон оянд.
-Назари шумо дар бораи легонерҳои дастаатон чӣ гуна аст?
-Онҳо то ҳанӯз сад дар сад ба бозӣ омода нестанд. Ба замми ин яке аз легионерҳо осеб дид. Мавсими футбол тӯлонӣ аст ва онҳо ба даста кумак хоҳанд расонд.
-Имконияти «Истиқлол»-ро дар ин бозӣ чӣ гуна тахмин мекунед?
— Бозиҳои зиёди ин дастаро тамошо кардаем. Аммо дар майдон бозӣ кардан дар муқобили ҳамдигар чизи дигар аст. Бозиро натиҷа муайян мекунад.








Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд






