БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲУ СИФАТИ ХИЗМАТРАСОНӢ ОМИЛИ ҶАЛБИ САЙЁҲОН АСТ. Барои роҳбарон ва кормандони меҳмонхонаву тарабхонаҳо семинарҳои омӯзишӣ гузаронида мешавад

Февраль 27, 2019 17:37

ДУШАНБЕ, 27.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани сатҳ ва сифати хизматрасонӣ ба меҳмонон ва сайёҳони дохилию хориҷӣ дар иншооти қабулу хизматрасонӣ аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ бо ҷалби коршиносон ва мутахассисони соҳа ба роҳбарон ва кормандони меҳмонҳонаву тарабхонаҳо ва осоишгоҳу истироҳатгоҳҳои шаҳри Ваҳдат семинари омӯзишӣ доир карда шуд.

Тавре аз Кумитаи рушди сайёҳӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, семинари омузишӣ дар самтҳои «Хизматрасонӣ дар меҳмонхона ва осоишгоҳу истироҳатгоҳ», «Роҳбалад», «Хизматрасонӣ дар тарабхона» ва дигар самтҳои муҳими хизматрасонии соҳаи сайёҳӣ доир гардид.

Дар семинари мазкур коршиносони соҳа ба кормандони меҳмонҳонаву тарабхонаҳо ва осоишгоҳу истироҳатгоҳҳо оид ба масоили баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ва меҳмоннавозӣ, рақобат дар тиҷорати меҳмонхонадорӣ ва фаъолияти тарабхонаҳо, вазифа ва уҳдадориҳои кормандони иншооти хизматрасонии сайёҳӣ, ороиши (интерьер) толорҳо ва утоқҳои меҳмонхонаву тарабхонаҳо, тарзу усулҳои ороиши дастархон ва пешниҳоди хуроку шириниҳо, ташкили банкету фуршетҳо, фаъолияти роҳбаладӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ ва иншооти алоҳидаи сайёҳӣ, мунтазам бо омузиш фаро гирифтани кормандони иншооти хизматрасонии сайёҳӣ, дар маҷмуъ ба меъёрҳои байналмилалии расонидани сатҳи хизматрасонӣ рунамо пешниҳод намуда, корҳои амалӣ доир намуданд.

Бино ба иттилои манбаъ, силсила семинарҳои омӯзишӣ барои роҳбарон ва кормандони иншооти хизматрасонии сайёҳӣ дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ бо ҷалби мутахассисони касбӣ ташкил ва гузаронида мешавад.

Мавриди зикр аст, ки баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ дар иншооти хизматрасонии сайёҳӣ ба ҷалби бештари сайёҳон таъсири бевосита расонида, барои таъсиси ҷойҳои кории доимӣ ва мавсимӣ мусоидат менамояд.

«Баҳри ба меъёрҳои байналмилалӣ баробар намудани сатҳи хизматрасонии иншооти хизматрасонии сайёҳӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, зина ба зина мақоми ин гуна иншоот тавассути ситорагузорӣ ё холгузорӣ муайян карда мешавад, ки ин омил ба беҳтару хубтар шудани сатҳу сифати хизматрасонӣ мусоидати ҷиддӣ мекунад», — илова намуд манбаъ.

Қобили тазаккур аст, ки дар соли сипаришуда дар ҳудуди ҷумҳурӣ меҳмонону сайёҳони дохилию хориҷӣ аз хизматрасониҳои 170 меҳмонхона, 94 осоишгоҳу истироҳатгоҳҳо 60 гушаҳои иттилоотии сайёҳӣ истифода намуданд.

Тарғибу ташвиқи хизматрасонии иншооти хизматрасонии сайёҳӣ, ширкатҳои сайёҳӣ, ширкатҳои ҳавопаймоӣ, ширкатҳои нақлиётӣ ва дигар ҷонибҳо, ки ба сайёҳон хизматрасонӣ пешниҳод мекунанд, тавассути портали миллии сайёҳӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар васоити ахбори омма ба таври васеъ ба роҳ монда шудааст.

Февраль 27, 2019 17:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қаламрави Тоҷикистону Узбекистон қариб 400 корхонаи муштарак фаъолият менамояд
Дар вилояти Хатлон татбиқи 368 лоиҳа ба маблағи 8,5 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Вазири кишоварзии Узбекистон дар шаҳри Ҳисор бо фаъолияти корхонаи «Агротехсервис» шинос гардид
«Гардиши мол байни ду давлат дар ояндаи наздик ба 1 миллиард доллари амрикоӣ расонида мешавад», — бардошт аз Форуми соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистон ва Узбекистон
Ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарияти IFC роҳҳои тавсеаи ҳамкориро баррасӣ намуд
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунанда оид ба муаррифии ҳисоботи СММ баргузор шуд
Татбиқи лоиҳаҳои муштарак байни Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бонн бо намояндагони Вазорати федералии Олмон оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва рушд мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо ниҳоди Созмони Милали Муттаҳид оид ба савдо ва рушд (UNCTAD) тақвият меёбад
Нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар шаҳри Ваҳдат 104,7 фоиз иҷро гардид
«Амонатбонк» дар доираи Ҳафтаи байналмилалии молиявӣ дар Файзобод ҳамоиши омӯзишӣ баргузор намуд
ҚАЛЪАИХУМБ — ВАНҶ — ДАРВОЗАИ РӮШОН. Вазири нақлиёти Тоҷикистон бо ҷараёни таҷдиду навсозии ин қитъаи роҳ шинос шуд