Дар Душанбе ҷаласаҳои Гурӯҳи махсуси корӣ ва Кумитаи кормандони аршади кишварҳои аъзои МҲТБО ба кори худ оғоз кард
ДУШАНБЕ, 14.02.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 14 феврал дар бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласаҳои Гурӯҳи махсуси корӣ ва Кумитаи кормандони аршади кишварҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) таҳти раисии ҷониби Тоҷикистон ба кори худ оғоз намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Бояд зикр кард, ки ҷаласаҳои мазкур нахустин мулоқоти коршиносони аршади кишварҳои аъзои МҲТБО буда, дар онҳо дар баробари муҳокимаҳо перомуни панҷ ченаки МҲТБО (низомӣ-сиёсӣ; муқовимат ба чолишҳо ва таҳдидҳои муосир; иқтисодӣ; башардӯстона ва муҳитизистӣ), ҳамзамон масъалаҳои тадорукотӣ ва муҳтавоии Саммити дарпешистодаи сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои аъзои МҲТБО, ки 15 июни соли 2019 дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст, баррасӣ хоханд шуд.
Дар нишастҳои Гурӯҳи махсуси корӣ ва Кумитаи кормандони аршади кишварҳои аъзои МҲТБО намояндагони 22 кишвари аъзо, 3 кишвар ва 1 созмони нозир ва Котиботи МҲТБО ширкат менамоянд.
Бояд гуфт, ки 24 сентябри соли 2018 зимни нишасти махсуси вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои МҲТБО дар шаҳри Ню-Йорк, раёсати МҲТБО аз Ҷумҳурии Мардумии Чин бори нахуст ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи солҳои 2018-2020 гузашт.
Ҷаласаҳои Гурӯҳи махсуси корӣ ва Кумитаи кормандони аршади кишварҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) 15 феврал анҷом меёбад.








Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд
Шараф Шерализода дар Конгресси 13-уми ҷаҳонӣ оид ба сайёҳию кӯҳнавардӣ, барқарорсозӣ ва варзиши зимистона иштирок намуд






