Гурӯҳи намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва корпусҳои дипломатии Тоҷикистон аз вазъи роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ дидан намуданд
ДУШАНБЕ, 26.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз як гурӯҳ намояндагони Иттиҳоди Аврупо, Барномаи рушди СММ, Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ, Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки рушди Авруосиё, Ташкилоти Оғохон оид ба рушд, САҲА ва Хазинаи байналмилалии асъор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазъи роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ — қитъаи Варзоб дидан намуданд.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, сафари мазкур бо ташаббуси вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, меҳмононро намояндагони ин вазоратҳо, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳӣ намуданд.
Меҳмонон ба минтақаҳои аз офатҳои табиӣ, аз ҷумла тармафароӣ осебпазир таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ба онҳо моҳият ва зарурати бунёди долонҳои иловагии зиддитармавӣ (галереяҳо) шарҳу тавзеҳ дода шуд.
Тавре сардори маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Далери Абдулло дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» гуфт: «Ҳадафи асосии сафари имрӯза шинос намудани намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ ва корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон бо вазъи мавҷудаи роҳи мошингарди Душанбе –Чаноқ ва минтақаҳои аз офати табиӣ осебпазири он мебошад».
Бояд гуфт, ки зимни сафар ба меҳмонон мавзеъҳои аз офатҳои табиӣ осебпазири роҳ нишон дода шуда, зикр гардид, ки ҳар сол дар натиҷаи тармафароӣ дар ин мавзеъ ҳаракати нақлиёт ба мушкилӣ мувоҷеҳ мегардад. «Ягона роҳи аз байн бурдани мушкилии мавҷуда- ин бунёди долонҳои зиддитармавӣ (галереяҳо) мебошад. Дар ин самт филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо мақомоти марбутаи мамлакат ҳамкории судманд ба роҳ мондааст»,- илова намуд Далери Абдулло.
Дар суҳбати «мизи гирд», ки дар интиҳои боздид доир гардид, муовини якуми Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулини Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи тармафароӣ, рух додани дигар намудҳои ҳолатҳои фавқулода ва дигар мушкилоти ҷойдошта сухан гуфтанд.
Зикр гардид, ки имрӯз дар ин роҳ 24 долони зиддитармавӣ сохта шуда, барои таъмини бехатарии ҳаракат дар он бунёди 55 долони зиддитармавӣ дигар зарур мебошад.
Бояд зикр намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бартараф намудани танбашавии зиёди воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои нақлиётӣ, бехатарии ҳаракати нақлиёт ва роҳгузарҳо, инчунин ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ намудани онҳо тадбирҳои мушаххас андешида, онҳоро амалӣ намуд.
Зеро баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ дар қатори чор ҳадафи стратегие қарор дорад, ки ҳамчун вазифаи умумимиллӣ ва омили муҳими пешрафти кишвар шуморида шудаанд.
Ба мақсади расидан ба ин ҳадаф корҳои зиёде, аз қабили сохтмони роҳҳо, пулҳо, нақбҳо, таҷдиди иншооти нақлиётӣ ба анҷом расиданд ва ё идома доранд. Аз ҷумла, нақбҳои мошингарди «Шаршар», «Чормағзак» ва «Шаҳристон» ба истифода дода шуда, сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингарди ҷодаи «Душанбе-Бӯстон-Чаноқ», «Душанбе-Нуробод-Ҷиргатол-Саритош», «Душанбе-Данғара» ба анҷом расид.








Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо ҳайати Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии «Осиёи Марказӣ-Австрия» иштирок намуд
Дар шаҳри Токио Наврӯзро ҷашн гирифтанд
Дар Москва Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил карда шуд
Дар Лондон Наврӯзи байналмилалӣ бошукуҳ таҷлил гардид
Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд






