Иштирокчиёни мусобиқаи футболи хурд оид ба дарёфти Ҷоми «Журналистони ҷавон – 2019» муайян гардиданд
ДУШАНБЕ, 23.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими қуръапартоии мусобиқаи футболи хурд оид ба дарёфти Ҷоми «Журналистони ҷавон – 2019» баргузор гардид.
Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Кумитаи мазкур хабар доданд, дар мусобиқаи мазкур 13 даста дар 4 гурӯҳ барои дарёфти ҷоми «Журналистони ҷавон – 2019» аз 25 феврал то 11 марти соли равон миёни ҳам рақобат менамоянд.
Гурӯҳи «А»
- Телевизиони «Сафина»
- Телевизиони Тоҷикистон
- Рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон»
Гурӯҳи «В»
- Телевизиони «Синамо»
- Радиои «Ватан»
- Радиои «Имрӯз»
Гурӯҳи «С»
- Телевизиони «Ҷаҳоннамо»
- Телевизиони «Футбол»
- Телевизиони «Варзиш»
- Радиои Тоҷикистон
Гурӯҳи «D»
- АМИТ «Ховар»
- «Омӯзгори ҷавон»
- «Ба қуллаҳои дониш».
Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи мазкур бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани Рӯзи матбуоти тоҷик, ки ҳамасола 11 март таҷлил карда мешавад, сурат мегирад.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд






