Иштироки Тоҷикистон дар машварати ҳуқуқӣ оид ба «Шартномаи Марокаш» дар Женева

Февраль 28, 2019 15:00

ДУШАНБЕ, 28.02.2019/АМИТ «Ховар»/. Аз 26 то 28 феврали соли равон дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария машварати ҳуқуқӣ доир ба ҷараёни иҷрои «Шартномаи Марокаш оид ба осонгардонии дастрасии нобиноён ва шахсони биноияшон халалдор ё дигар қобилияти маҳдуди қабул намудани иттилооти чопӣ нисбат ба асарҳои нашршуда» баргузор гардид.

Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар машварати мазкур Тоҷикистонро муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Давлатзода ва сардори шуъбаи ҳуқуқ, ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобастаи Вазорати фарҳанг Нӯъмон Набизода намояндагӣ карданд.

Ба иттилои манбаъ, 27 феврали соли равон муовини Вазири фарҳанги Тоҷикистон Музаффар Давлатзода ба Директори генералии Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (СУМЗ) Франсиз Гарри санади ҳамроҳшавии Тоҷикистонро ба «Шартномаи Марокаш оид ба осонгардонии дастрасии нобиноён ва шахсони биноияшон халалдор ё дигар қобилияти маҳдуди қабул намудани иттилооти чопӣ нисбат ба асарҳои нашршуда» супорид.

Бояд гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон узви 53-юми Шартномаи Марокаш мебошад.

Февраль 28, 2019 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад
Хабарнигорони Қирғизистон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанги Тоҷикистон шинос гардиданд