КИТОБҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА КИТОБХОНАИ БРИТАНИЯ КАБИР ТАҚДИМ ГАРДИДАНД. Дар шаҳри Лондон масъалаи ҳамкории ин китобхонаи машҳури дунё бо Китобхонаи миллии Тоҷикистон баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 09.02.2019./АМИТ «Ховар»/. 4 феврал мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Масъуд Халифазода бо Роҳбари Департаменти Ховари Миёна ва Осиёи Марказӣ Колин Бейкер ва Роҳбари Департаменти Осиё ва Африқои Китобхонаи Британия Луиса Элена Менгони баргузор гардид.
Зимни мулоқот имконияти ба имзо расонидани санади ҳамкорӣ миёни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи Британия, баргузор намудани намоишгоҳҳо, ташкили сафарҳои мутақобилаи намояндагони ниҳодҳои марбутаи ҳарду кишвар, ҷалби бурсияҳои таҳсилии он сохтор барои Тоҷикистон ва дигар мавзуҳои ҷолиби ҳамкорӣ баррасӣ гардиданд. Ҳамзамон, аз ҷониби Сафорат китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хазинаи Китобхонаи Британия тақдим гардиданд.
Китобхонаи Британия китобхонаи миллии Шоҳигарии Муттаҳида ва бузургтарин китобхона дар тамоми дунё шинохта шуда, аз 200 миллион нусхаи китоб ва дигар асноди иттилоотии мамолики мухталифи дунё иборат мебошад. Китобхонаи Британия ниҳоди асосии тадқиқотӣ ба ҳисоб рафта, дар хазинаи он маводҳо бо чандин забонҳо ва шаклҳои гуногун, ҳам чопшуда ва ҳам рақамӣ, маҳфуз дошта мешаванд.
Худи ҳамон рӯз вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Масуд Халифазода бо Тамара Гудвин – муовини роҳбари Сарраёти хадамоти авиатсионӣ ва Саманта Шеридан – роҳбари бахши ҳамкориҳои дуҷонибаи Вазорати нақлиёти Британияи Кабир доир гардид.
Зимни вохӯрӣ мавзӯҳо вобаста ба имзо намудани Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Муттаҳидаи Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба дар самти авиатсияи гражданӣ, баррасӣ гардиданд.








Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид






